Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон
Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова)-Дирӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи васеи ҳайати мушовара баргузор гардид. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори ҷаласа намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони аввали вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, намояндагони бонк ва ассотсиатсияи соҳибкорон, инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи Вазорати рушди иқтисод ва савдо ширкат варзиданд. Дар ҷаласаи ҳайати мушовара масъала оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2012 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ ва ҳамчунин фаъолияти вазорат дар ин давра мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар ин муддат Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 24,8 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,8 млрд. сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши воқеии ММД ба 7,5 фоиз баробар гардида, дар сохтори он ҳиссаи истеҳсоли молҳо 44,9%, хизматрасонӣ 42,2% ва андозҳо 12,9%-ро ташкил дод. Вазири рушди иқтисод ва савдо Ш.Раҳимзода тазаккур дод, ки новобаста ба душвориҳо ва монеаҳои мавҷуда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5% рушд намудани иқтисоди кишвар натиҷаи хуб аст. Он далел низ хурсандиовар аст, дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳиссаи истеҳсоли молҳо зиёд шудааст ва он нишонаи ташкили корхонаҳои истеҳсолии нав, нишонаи аз сӯи бозор ба самти истеҳсоли мол рӯй овардани мардум мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






