Омӯзиши машқҳои солимгардонӣ бо табиби халқӣ
Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Достонзода).-Аз 4-уми сентябр то 27-уми октябри соли равон дар як қатор ташкилотҳои вилояти Суғд табиби халқии Тоҷикистон Муллозуҳур Тоҳирӣ сӯҳбату омӯзиши машқҳои солимгардонӣ гузаронид. Дар вохӯриҳо М. Тоҳирӣ бо мардум перомуни оддитарин омилҳои солимгардонӣ, роҳҳои пешгирии худкушӣ, мустаҳкам намудани оилаҳо, роҳҳои пешгирии вайроншавии оилаҳо ва мустаҳкам намудани онҳо, бартараф намудани бенаслӣ дар оилаҳои ҷавон, пешгирии бемориҳои дил ва асаб сухан гуфт. Инчунин ба иштирокчиён дар бораи гиёҳҳои шифобахш, ҷамъоварӣ ва хушк намудану истифодаи онҳо маълумоту тавсияҳо дода шуд. Ба ақидаи табиб илм исбот намудааст, ки истифодаи оқилонаи омилҳои мазкур ҳазорон беморро бе дору шифо мебахшад. Барои муайян намудани дарачаи азхуднамоии донишҳо ва донистани нуқтаи назари иштирокчиён доир ба суҳбатҳои солимгардонӣ саволнома тартиб дода шуд. Таҳлили саволномаҳо нишон дод, ки аксарияти иштирокчиён аз ин чорабиниҳо каноатманд буда, хоҳишманди мунтазам гузаронидани онҳоянд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






