Поёни ҷашнвораи «Фалак»
Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Дирӯз дар Кохи Ҷомӣ Фестивал-симпозиуми «Фалак-2012» кори худро анҷом дод. Дар чорабинӣ аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ, ҳамчунин меҳмонҳо аз Озарбойҷон, Афғонистон, Русия иштирок доштанд. Дар маросими тантанавӣ беҳтарин ҳаваскорон ва коллективҳои иштирокдорони фестивал баромад намуданд.Баъди анҷоми қисми тантанавӣ беҳтарин баромадҳо дар иҷрои ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин солистони гурӯҳҳо аз вилояти Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон намоиш дода шуд. Ҳамаи гурӯҳҳо бо диплом ва тӯхфаҳои қимматбаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд. Ташкилкунандагони фестивал ба Шабакаи аввал ва Телевизиони Сафина барои пахш намудани чорабиниҳои Рӯзи «Фалак» миннатдории худро баён намуданд. Бояд ёдовар шуд,ки жанри «фалак» на фақат дар байни иҷрокунандагон, балки байни тамошобинон ҳам маҳбубияти худро пайдо кардааст. Дар маросими поёнии «Фалак-2012» вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ қайд намуд, ки хуб мешуд,ки ҷашни фалак на факат дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон таҷлил шавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






