Президент аз Бадахшон чӣ овард?
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Пас аз ҳодисаҳои маълуми Бадахшон, ки иддае аз ашхоси ғаразкори дохилӣ бо дастуру ишораҳои хоҷагони пасипардагиашон, бо истифода аз фурсати муносиб фазои софи кишварро ғуборолуд намуда, ниятҳои нопокашонро зери шиори «ҳимояи мардуми оддӣ» амалӣ гардондан мехостанд, лаҷоми сухан ба дасти ҳамкасбони мо – қаламкашони васоити ахбори омма афтод. Пештози ин сабқати пурмоҷаро, албатта, чун ҳамешагӣ қаламбадастони нашрияҳои хусусӣ буданд, ки дониставу надониста худнамоӣ мекарданд, шарҳу табсираҳои зиёде менавиштанд, ки ба ягон қолаби сиёсату воқеият намеғунҷид. Ҳарчанд дар ин раванд дар тавзеҳоти зиёду муфассали марказҳои матбуоти Прокуратураи Генералии ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ, ки борҳо дар нашрияҳои расмии давлатӣ ба табъ расида, воқеият аз нигоҳи тафтишоти қонунӣ, мавҷудияти таркиби ҷиноят, ҳадафҳои тарҳрезишуда бо шарҳи ҳолу аъмоли чанд тан аз гурўҳи ҷиноятпеша, ки муҷрими ин ҳодисаҳои фоҷиабор буданд, шарҳу тафсири касбии худро ёфта бошанд ҳам, «гўй»-и сабқати майдони моҷаробофӣ пайваста ба дасти ин қабил қаламбадастон буд. Мебофтанду мебофтанд, ҳарчи ки ба хаёлашон меомад, то ҳадде ки дар навиштаҳояшон аз унсурҳои сиёсат дида, нишонаҳои фолбинӣ зиёдтар ба чашм мерасиданд.Аз ҳама таассуфовараш он аст, ки фарзандони диёр, ҷавонони қаламбадасти дар дохили кишвар тарбиядида, дастпарварони макотиби олии Тоҷикистон дар бораи ин ё он ҳодисаву воқеа, маъракаву чорабиниҳои ватанӣ тавре менависанд, ки гўё «шореҳи сиёсӣ»-и ҳамсоякишвар ва ё мулки бегонае бо ҳадафи муайян моро интиқод мегирад. Аз ҷумла, нисбат ба воқеаҳои Бадахшон низ чунин буд…Инак, як мисол барои муқоиса аз хориҷу аз дохили кишвар (айнан):- В Бадахшане,- утверждает эксперт по странам Центральной Азии Аркадий Дубнов, — фактически все населения является противниками центральной власти…» (Lenta.ru).Мо аз Дубнову дубновбаринҳо дигар чиро ҳам интизор буда метавонем? Дар ҳоле ки ҳадафи ин шореҳони ғайр нисбат ба миллату давлатҳои дигар некбинона нест ва онҳо табиист, ки нисбат ба давлатҳои Осиёи Марказӣ сиёсатеро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳмил карданианд, ки аз он танҳо худашон нафъ бинанд.Акнун бубинем, ки ҳамкасбу ҳамватану ҳамқалами мо дар ин маврид чӣ мегўяд (айнан):«Боми ҷаҳон на фақат фатҳ нашуд, балки заъфи ниҳодҳои қудратиро бармало кард. Ин вазъ ба обрўи байнулмилалии Тоҷикистон низ латма ворид намуд…». Қиёми Нур, «Нигоҳ».Аҷабо! Боми ҷаҳон як воҳиди марзии Тоҷикистон ва дар насабномаву шиносномаи ҳар як бадахшӣ миллаташ тоҷик навишта шудааст. Давлати Тоҷикистон чӣ гуна боз як вилояти худро фатҳ намояду миллати худро, ки ба тамоми рукнҳои давлатдории тоҷикона ва тамоми нуктаҳои Сарқонуну қонунҳои кишвар мутобиқу мувофиқ аст, тасхир намояд? Пас чӣ фарқ байни Дубнови аҷнабиву Қиёми Нури ҳамватанамон?Аз ҳама тааҷҷубовараш боз он аст, ки агар тафсири сиёсии Дубнов 27-уми июл аз тариқи шабакаи Интернет пахш гардида бошад, тафсири мўҳтарам Қиёми Нур 19 сентябри соли равон, дар рўзе ба табъ расид, ки мардуми саросарии Бадахшон дар вохўрӣ бо Сарвари давлат, бо изҳори миннатдории бепоён аз сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба андешаҳои худро баён намуданд…Воқеан сиёсат дар давлатдорӣ бисёр чизи нозуку чандхура аст. Вақте мо, аҳли қалам, қудрати пешгўии чӣ гуна анҷом пазируфтани дасисаеро, ки чанд моҷароҷў ангехтааст, надорем, пас чаро ба хотири номи «шореҳи сиёсӣ»-ро гирифтан ба «нови осиёби сиёсат»-и бадхоҳонамон об сар диҳем?Маъзарат ҳамкасбони азиз, ман чунин ватандориву ватандўстиву ватанпарастиро намефаҳмам!Ҳолати дигари таассуфовар низ дар ин ҳодисаи дасисаангез ба мушоҳида расид. Ба ҷои мардуми маскуни Бадахшон, ки сахтиву душвориҳои солҳои вазнинро паси сар карда, ҳамзамон дар ободиву бунёдкориҳои Ватанашон ҷон коҳондаанд, онҳое аз хориҷи кишвар ба «ҳимоя»-и Бадахшон садоҳои иғвоангез баланд намуданд, ки дар бистсолагӣ бо гурўҳҳои қочоқчӣ омехта, Бадахшонро тарк гуфтаанд. Акнун, ки ба таги чил расидаанд, ҳавои мусаффои Ватан ба хаёлашон задаву аз ин фурсати барояшон муносиб истифода бурдан хостанд. Ин тоифа дасту остин барзада, чанде аз ҷавонони соддадили дар муҳоҷиратбударо ба назди сафоратхонаҳову вазоратҳои ғайр кашиданд.Ҳамзамон шабакаи байналхалқии Интернетро, ки дар бахши сиёсат имрўз аз ғайбатхонаи иғвоангезе беш нест, бо номҳои сохтаву бофтаи бадахшимонанд бо тўҳматномаҳову ахбори иғвоангез пур карданд, вале бехабар аз он ки мардуми шарифи Бадахшон, ки дар амалӣ гардидани барномаҳои Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири ободии Боми ҷаҳон софдилона заҳмат мекашанд, фирефтаи ҳеҷ гуна иғвою дасисае нашуда, аз сиёсати Сарвари давлат бо ҷону дил тарафдорӣ менамоянд…Аҳли ҷамоаи кишвар, ки дар ин пуртаззодиҳои ахбори дохилӣ, тавассути нашрияҳои расмӣ аз як ҷонибу васоити ахбори умумии хусусӣ аз ҷониби дигар, ҳайрон монда буд, акнун шукргузор аз он аст, ки сафари навбатии Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон парда аз болои ҳама нофаҳмиҳо бардошт, торикиҳоро равшан кард. Гуфтугўи рўбарў ва ниҳоят самимонаи Ҷаноби Олӣ бо мардуми Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон чун офтоби фурўзоне гардид, ки нурҳои ҷонбахшаш на танҳо ба хонадони ҳар як шаҳрванди Хоруғшаҳр, балки ба манзили дурдасттарин сокини деҳоти ин вилоят бори дигар нуру сафо эҳдо намуд. Мардуми саросарии Бадахшон дар ивази ин самимияти хоссаи Сарвари давлат садоқати бепоёни худро арза доштанд, ки он дар истиқболи самимии тифлакону наврасони Бадахшон, дар савганду ифшои иродати ҷавонони Боми ҷаҳон, дар дуои пирони рўзгордидаи ин сарзамини куҳанбунёди тозаҷавон пешкаши Ҷаноби Олӣ – кафили ободиву амнияти Тоҷикистону тоҷикистониён инъикоси худро ёфт.Оре, Бадахшон чун як боли қавии Тоҷикистон барои Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят азиз аст!Агар дар бунёди водиҳои Вахшу Ҳисор, манотиқи Хатлону вилояти Суғд нақши Иттиҳоди Шўравӣ то ба имрўз намоёнтар бошад ҳам (ҳол он ки Истиқлолият ба ин манотиқ низ баъд аз фурӯпошии Шўравӣ дигаргуниҳои зиёде овардааст), вале Бадахшони навин ба куллӣ эҳёи даврони Истиқлолият аст. Аз ин нигоҳ, ин вилоят барои Сарвари давлат – тақвиятбахши Истиқлолияти Тоҷикистон, пойдоркунандаи Ваҳдати миллӣ, тарроҳи Бадахшони нав – Эмомалӣ Раҳмон хеле азиз аст.Мардуми Бадахшон мутмаин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон Бадахшонро ба «Дарвозаи тиллоӣ»–и Тоҷикистон табдил медиҳад. Ҳеҷ ҷои шубҳа нест, зеро ин Сарвари мардумӣ дилу нияти пок, азму иродаи қавӣ дорад ва як маҳалро аз маҳали дигар боло намегузорад. Таваҷҷўҳи Сарвари давлат ба ин манотиқи кишвараш барои он бештар аст, ки дар 70 соли давлатдории Иттиҳоди Шўравии абарқудрат ҳам ба ин сарзамини баландкуҳ чандон таваҷҷуҳе зоҳир намегардид. Ва ҳангоме ки дар вохўрии дар шаҳри Хоруғ баргузоргардида аз ин ё он маҳали дурдасти Боми ҷаҳон, аз хусуси мушкилоташон ба Сарвари давлат даҳон мекушоданд, бо дилсўзӣ аз гуфтаҳои онҳо зиёдтар мушкилоташонро ёдовар мешуду ҳамзамон ба роҳбарони ҳукумати ноҳияву вилоят, вазирону масъулин барои рафъи камбудиҳо супоришҳои мушаххас медод…Нашрияҳои озоди мо зимни табсираву шарҳҳои сиёсиашон ҳангоми дар Бадахшон будани Сарвари давлат саволи барои худашон беҷавобе гузоштаанд: «Президент аз Бадахшон чӣ меорад?»Инак, мо ҷавоб мегўем: «Боварии қавии мардуми Бадахшонро ба Ҳукумат, эътимоду эътиқоди ҷавонон ва дуои неки пирони хирадро ба Сарвари Олимақом!»Ҳабибулло ЁРОВ, “Набзи Тоҷикматлубот”.