Сабабҳои номутаносибии истеҳсолот
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар» Лаззат Диловарзод).- Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2012 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 6 млрд. 774 млн.сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба андозаи 10,4 фоиз зиёд аст.Дар Вазорати энергетика ва саноат сабаби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатиро шарҳ дода, иброз доштанд, ки зиёдшавии истеҳсоли маҳсулот асосан аз ҳисоби ШСК «Барқи тоҷик», истихроҷи газ ва нафт, саноати ангишт ва намудҳои алтернативии энергия, саноати маъдан ва филизоти қиматбаҳо, мошинсозӣ, мудофиа ва саноати кимиё, саноати сабук, саноати масолеҳи бинокорӣ, корхонаҳои воҳиди давлатии «Хӯрокворӣ», «Ғалла», «Гӯшту шир» ба миён омадааст.Аммо ба иттилои манбаъ, суръати афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2012 ба андозаи 1,3 фоиз коҳиш ёфтааст. Суръати коҳиши маҳсулот асосан аз ҳисоби фаъолияти сусти корхонаҳои пахтатозакунӣ ба андозаи 70,5 фоиз, корхонаҳои дар ихтиёри вазорату идораҳои ҷумҳурӣ набуда ба миқдори 0,2 фоиз ва ба андозаи 13,4 фоиз коҳиш ёфтани маҳсулоти корхонаҳои «Тоҷикматлубот» ва корхонаҳои бахши ғайридавлатӣ дар ҳаҷми 2,8 фоиз ба вуҷуд омадааст.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






