Сиаою Жао: «Барои Тоҷикистон 1 миллиард доллар ҷудо намудем»

Октябрь 9, 2012 21:26

 
 Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим)- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ноиби президенти Бонки Рушди Осиё Сиаою Жао як қатор масоили муҳим, аз ҷумла масъалаи дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин бонки муътабар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қаблан, Сиаою Жао Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои роҳбарии оқилона ҷиҳати таъмини рушди бемайлони кишвар таҳният гуфта, омодагӣ ва ҳавасмандии Бонки Рушди Осиёро дар самти дастгирии минбаъдаи лоиҳа ва барномаҳои Тоҷикистон изҳор намуд. Дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон густариши соҳаи нақлиёт ва энергетика дар Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ намуда, татбиқи лоиҳаҳо дар чунин бахшҳоро барои рушди иқтисодии кишвар омили асосӣ унвон намуд. Сарвари давлати тоҷикон дар партави ҳамкориҳои минтақавӣ, пайвасти шабакаҳои ягонаву муштаракаи энергетикиву нақлиётӣ омодагии ҷониби Тоҷикистонро дар самти тавсеаи ҳамкориҳо бо тамоми ниҳодҳои байналмилаливу минтақавӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ изҳор намуд.  Ноиби президенти Бонки Рушди Осиё пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон чунин изҳор дошт: «Бонки Рушди Осиё ҳамчун ниҳоди рушди минтақавӣ ҳамкориҳои худро бо Тоҷикистон дар самтҳои авлавиятнок, аз ҷумла бахшҳои нақлиёту энергетика ба роҳ монда, дар маҷмӯъ барои татбиқи якчанд лоиҳаву барномаҳо дар кишвар тақрибан як миллиард доллари ИМА ҷудо намудааст». Масъалаи бунёди хатҳои интиқоли барқ, сохтмони роҳи оҳан ва роҳи мошингарди иловагӣ, баланд бардоштани самаранокии интиқоли нерӯи барқ дар дохили кишвар, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби бештари доираи соҳибкорони хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муфид дар меҳвари мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сиаою Жао қарор дошт. Сиаою Жао дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон ҳамчунин бо ҳайати бахши иқтисодии Ҳукумати мамлакат низ дидору мулоқот дошт.
 

Октябрь 9, 2012 21:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид