«Созандагони Ватан» дар саҳрову майдон

Октябрь 1, 2012 11:25

Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Дирӯз фаъолони намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд дар ҳайати зиёда аз 200 нафар ҷавон дастҷамъона барои дастгирӣ ва кӯмак ба пахтакорони хоҷагии деҳқонии «Нурафшон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба саҳро бароманд. Мақсад дастгирӣ ва саҳмгузор будан дар кори ҷамъоварии ҳосили пахта ва ба ин восита ҷалби ҷавонон ба корҳои кишоварзӣ мебошад, зеро асоси пешрафти иқтисодиёти кишвар ба рушди соҳаи аграрӣ иртибот дошта, маҳз бо кадрҳои баландтахассуси соҳаи кишоварзӣ метавон иқтисодиётро боло бардошт, зикр кард зимни тамос роҳбари намояндагии «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд Насимчон Маликисломов. Инчунин бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ташаббуси намояндагии «Созандагони Ватан» бахшида ба 20-солагии баргузории Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бонувони футболбози вилоят чорабинии варзишӣ баргузор гардид. Давоми 3-рӯз дар мусобиқа 5 дастаи бонувони футболбоз аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзиданд. Бозии ниҳоӣ байни дастаҳои шаҳрҳои Қайроққум ва Хуҷанд бо ҳисоби 3 бар 0 бар фоидаи дастаи шаҳри Қайроққум анҷом ёфт. Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳо ҷои аввал ва Ҷоми ҲХДТ насиби дастаи шаҳри Қайроққум гардид. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро дастаҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанду Мастчоҳ ишғол намуданд. Дар маросими ҷамъбасти чорабинӣ ба ғолибон тӯҳфа ва ифтихорнома супориданд.

Октябрь 1, 2012 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд