Сухан дониста гӯй, то дӯстро душман нагардонӣ

Октябрь 23, 2012 16:29

Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Ҳаҷ яке аз аркони панҷгонаи дини мубини ислом аст, ки барои ҳар як мусалмон дар тӯли ҳаёт як бор адои он фарз аст. Бинобар ин моро месазад аз ин фурсати муносиб, ки тайи солҳои тӯлонӣ интизораш будем ва ин ҳам баъди ба даст овардани истиқлоли кишвар ба мо муяссар гардид, истифода барем. Ҳар лаҳзаву ҳар фурсати нотакрори он бояд дар ибодат сарф шавад.Ва яке аз муҳимтарин шартҳои ҳаҷ ин аст, ки шахси мусалмон аз ҳар гуна фисқ, фасод, табаҳкорӣ, ғайбат,суханчинӣ ва дигар корҳои бад дурӣ ҷӯяд. Вале бар акси матлаб дар байни зоирин чунин афроди ангуштшуморе ҳастанд, ки на танҳо зиёрати хонаи Худо барояшон арзиш надорад, балки бо истифода аз ҳар фурсати муносиб дар паи айбҷӯӣ, суханчинӣ ва дар умум дар паи иғвоангезӣ миёни мардуми мусалмон ва бахусус зоирини тоҷик мебошанд. Ва ин амр аллакай дар байни ин гуна афрод як амри маъмулӣ гаштааст, ки бидуни он худро озод ҳис карда наметавонанд. Зикр кардан ба маврид аст, ки тӯли ду- се соли охир сатҳи ташкил ва хизматрасониҳо дар маносики ҳаҷ хубтар ба рох монда шуд. Мушкилоте, ки солҳои қаблӣ ба назар мерасид, солҳои охир хеле коҳиш ёфтааст ва дар қиёс ба солҳои пешин пешравиҳои назаррасеро метавон мушоҳида кард. Вале бо назардошти ин ҳама дастовардҳо ҳанӯз ҳам баъзан доираи муайян забони шиква боз мекунанд.Ҳадаф аз овардани ин мисолҳо нашри мақолаҳоест, ки ОИ Тоҷнюс пайваста бо арқоми беасос дар торнамои худ ҷой медиҳад. Новобаста аз он, ки маркази матбӯотии Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба мақолаи дорои арқоми бардурӯғи ОИ Тоҷнюс раддияи худро нашр намуд, вале, мутаассифона, боз бо ҳамон оҳанги пешина мақолаи дигаре зери унвони «Зоири бемори тоҷикро аз Макка ба ватан оварданд» дар ОИ мазкур нашр гардид, ки ба гунае сафед кардани дурӯғҳояшонро маънидод мекард. «Баъд аз он, ки зоирони тоҷик аз хӯроки меҳмонхонаҳо ва шароити будубошашон ба расонаҳо шикоят карданд, ин мушкилот бартараф карда шуд. Шароити меҳмонхонаи «Шуҳадо» беҳ карда шудааст». Аҷаб саволеву аҷаб ҷавобе!. Агар ин қадар мушкилӣ ва шароити тоқатнофарсо дар меҳмонхонаҳо вуҷуд дошта ва ба қавли муаллиф, як таҳоратхона барои 40 нафар ҷудо шуда бошад, пас чӣ гуна мумкин аст, ки масъулин дар байни ду рӯз чанд таҳоратхона сохта бошанд ва онро рафъ карда бошанд?! Борҳо дар раддияи Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надоштани меҳмонхонаи ба ном «Шуҳадо», ки дар он зоирини тоҷик иқомат мекарда бошанд, такрор шудааст, вале бидуни тааммул ва таҷдиди назар, бо ҳамон сабки пешина меҳмонхонаи «Шуҳадо» такрор мешавад. Ба самъи муаллиф расониданием, ки агар мухбир ва ё зоир ҳар касе, ки бошад, номи меҳмонхонаҳоро надонад ва ё фарқ накунад, пас инро бояд донед, ки дар ш.Маккаи мукаррама ҳашт меҳмонхона (Бофил 1,Бофил 2, Баътия, Андалусия ,Аҳмадия , Субҳия , Шомӣ ва Абубандар) вуҷуд доранд, ки дар он зоирини тоҷик иқомат доранд ва ҳамаи ин меҳмонхонаҳо дар кӯчаи Шуҳадо ҷойгир мебошанд. Тааҷҷубовар ин аст, ки гӯё зоирини тоҷик ба расонаҳо шикоят карда бошанд. Ва ҳадафи муаллифро дар ин маврид фаҳмида натавонистем, ки эшон расонаҳо гуфта, чанд расонаро дар назар доранд ва ё кадом расонаҳоро: BBC, Озодӣ,Рейтерз ва ё ғайр?. Бояд зикр намуд, ки ягона расонае, ки дар мавриди маносики ҳаҷ ва ба истилоҳ шикояти зоирин аз таҳоратхонаҳо ва гайра мавод нашр намуд, ин торнамои Тоҷнюс ва рӯзномаи он «Нигоҳ» мебошад. Пас набояд муаллиф номи дигар расонаҳоро дар радифи худ қарор дода, онҳоро нисбат ба ин рукни муҳими дини мубини ислом доғдор намояд, зеро дар миёни чунин расонаҳо боз расонаҳои дигар низ ҳастанд ва аз ҷумлаи онҳо ОИ «Авесто» мебошад. Ҳангоми нашри ин хабар дар рӯзномаи «Нигоҳ», ки гӯё зоирин дар шароити ногузир қарор доранд, ҳамарӯза зангҳои бешумори хешу табор ва наздикони зоирин ба онҳо зиёд гардид ва баъд аз дурӯғ будани ин хабар онҳо мутмаин гаштанд.Вақте ки аз ҳоли зоирин пурсон шудем, иддае аз занону пиронсолон аз ин амали носавоб изҳори нигаронӣ карданд. Ва аз оҳи сарди онҳо маълум буд, ки дар ҳаққи чунин ашхос чӣ суханоне мехостанд гӯянд, вале ба хотири он, ки дар замини муқаддас қарор доранд, аз дуои сарди худ худдорӣ намуданд ва танҳо чизе, ки онҳо мегуфтанд, ин буд: ҳаволааш ба худо. Пас аз нашри суратҳои чанд нафар аз зоирин дар рӯзномаи «Нигоҳ» барои огаҳӣ ёфтан аз асли матлаб ба назди онҳо рафтем. Дар ҷараёни суҳбат маълум гардид, ки яке аз ҳамсафаронашон барои ёдоварӣ гуфта, бо ҳам сурат гирифтаанд ва аз асли мавзуъ худи онҳо хабар надоранд. «Мо аз куҷо медонем, кӣ ва бо кадом ният ва барои чӣ сурат мегирад, Худо худаш медонад.»,- изҳор дошт яке аз зоирин. Бинобар ин пеш аз навиштани матлабе бояд ҳамаҷониба дар бораи он фикр кард, баъд нашр намуд. Хулоса баровардан дар ихтиёри хонандаҳост. Бигзор онҳо қазоват кунанд.

Октябрь 23, 2012 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз аз нашри нахустин шумораи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» 19 сол сипарӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ВОСИТАИ МУАССИРИ ЭЪТИРОФ. Барои ҳар шахси озодихоҳ неъмате муқаддастар аз он нест
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бахшида ба Истиқлоли Тоҷикистон ҳамоиши кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир шуд
ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд