«Султони заҳмат»-ба забони тоҷикӣ

Октябрь 8, 2012 17:10

Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Дар нашриёти «Шоҳпар» таҳти унвони «Султони заҳмат. Нурсултон Назарбоев-заҳматкаши арсаи сиёсат» дар шакли очеркҳои бадеию сиёсӣ китоби нав ба забони тоҷикӣ аз чоп баромад. Матни русии он моҳи июни соли равон мунташиру муаррифӣ шуда буд. Муаллифи асар нависандаи шинохтаи тоҷик Воҳид Ғаффорӣ буда, ӯ очеркҳояшро дар ҳамкории эҷодӣ бо мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Зафар Сайидзода иншо намудааст. Китоб ба марҳилаҳои асосии ҳаёт ва фаъолияти давлатии Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва тасвири чеҳраи хоси инсонӣ ва сиёсии ӯ дар маснади пешвои умумимиллии кишвараш бахшида шудааст.Имрӯз дар бинои сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон бо ибтикори сафири ин давлат Агибой Смагулов маросими рӯнамоии китоби мазкур баргузор шуд, ки дар он теъдоди зиёди роҳбарону намояндагони расонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ иштирок намуда, изҳори андеша карданд.
 

Октябрь 8, 2012 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ