Таҷлили иди «Меҳргон»

Октябрь 9, 2012 16:22

Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Дирӯз дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иди касбии кишоварзони мамлакат «Меҳргон» баргузор гардид. Дар ҷамъомад муовини Сарвазир Муродалӣ Алимардонов ва вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов ҳамаи кормандони соҳаи кишоварзиро бо иди касбиашон табрик намуда, зикр карданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи аграрӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, ки ҳоло дар марҳилаи рушд қарор дорад, давра ба давра ислоҳоти куллӣ татбиқ мешавад. Маҳсулоти кишоварзӣ дар соҳаи аграрӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 11 млрд. 323 миллион сомонӣ, ки нисбат ба соли гузашта 109,8 фоизро ташкил дод, дар соҳаи растанипарварӣ 8 млрд. 379 млн.сомонӣ 110,6 фоиз зиёд, дар соҳаи чорводорӣ 2 млрд 944 млн.сом. зиёд истеҳсол шудааст.Ба душвориҳои имсола нигоҳ накарда, дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 923 ҳазор тонна, полезиҳо ба 363 ҳазор тонна, сабзавот ба 949 ҳазор тонна, картошка 666 ҳазор тонна, мева ба 220 ҳазор тонна ва ангур ба 114 ҳазор тонна расонида шуд. Ҷамъоварии пахта низ то 1-уми октябр наздики 200 ҳазор тоннаро ташкил дод.Дар соҳаи чорводорӣ низ дастовардҳои назаррас ба чашм мерасанд, гӯшт 99 ҳазор тонна, шир 498 ҳазор тонна, тухм 219 млн. дона, асал 2692 тонна, моҳӣ 408 тонна истеҳсол гардида , дар чор самт, яъне паррандапарварӣ, асалпарварӣ, моҳипарварӣ ва асппарварӣ барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда ва натиҷаҳои хуб дода истодаанд. Дар охир ба ғолибони соҳаи аграрӣ- деҳқонону чорводорон, олимони соҳа, рӯзноманигорони соҳавӣ аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ифтихорнома, нишон ва мукофотпулӣ супорида шуд.Ёдовар мешавем, ки иди касбии кишоварзони мамлакат -«Меҳргон» ҳамчун ҷашни миллӣ хар сол 8-уми октябр бо қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон расман таҷлил мешавад.

Октябрь 9, 2012 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад