Таъкид: низоми амниятӣ дар фурудгоҳ пурзӯр шавад!

Октябрь 9, 2012 15:56

Душанбе, 9 октябр. ( АМИТ «Ховар», Саидэҳсони Солеҳ).- Дар ҷаласаи ҷамъбастии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ҳисоботи 9-моҳаи кори фурудгоҳ аз ҷониби Азим Иброҳимов, муовини раиси ин ниҳод ва кормандони сохторҳои зертобеи он пешниҳод шуд. Гуфта шуд, ки ба 565,142 нафар мусофири рафта ва ба 419,672 мусофири омада, яъне нисбат ба ҳамин давраи соли 2011-ум 15,9% бештар хизмат расонида шуд. Миқдори умумии бор ва почтаи қабулгардида ва интиқолдодашуда аз ҷониби анбори тиҷоратии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар нуҳ моҳи соли 2012–ум 1530 тоннаю 431 кг- ро ташкил дод.  Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳ мутобиқи меъёрҳои Ташкилоти байналхалқии авиатсионӣ — ИКАО амал намуда, амнияти мусофирон, бор ва бағоҷро пурра таъмин намуд. Мутобиқи талабот амнияти пурраи авиатсионӣ тавассути воситаҳои гуногуни муоинаи мусофир, бор ва бағоҷ, системаи мушоҳидаю сабти видеоӣ таъмин карда шуд. Дар ҷаласа ба беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ, такмили маҳорату малакаи касбии кормандон, пурзӯр кардани низоми амният, мустаҳкам намудани интизоми меҳнат, назорати ҷиддитар нисбат ба пешгирии вуруди бемориҳои махсусан вазнини сирояткунанда ба ҷумҳурӣ таъкид шуд.

Октябрь 9, 2012 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад