Таъсиси Шўрои ҳамоҳангсоз аз ҳисоби роҳбарони аввал
Душанбе, 4 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон- Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни нав – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ»-ро баррасӣ ва қабул кард. Назар ба иттилои Давлаталӣ Саидов- раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар бо мақсади татбиқи лоиҳаи қонуни мазкур Шўрои ҳамоҳангсоз аз ҳисоби роҳбарони аввали вазорату идораҳои марбутаи кишвар ва бахши хусусӣ созмон дода шуда, роҳбарии он ба уҳдаи муовини аввали Сарвазири мамлакат вогузор мегардад. Давлаталӣ Саидов бо шарҳи лоиҳаи қонуни мазкур гуфт, ки ҳамкории судманди давлат бо бахши хусусӣ метавонад аз омилҳои асосии ҷалби васеи сармоягузориҳои хусусӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва идораи онҳо гардад.Тибқи лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида вазифаҳои танзимкунӣ ва назоратиро аз ҷониби давлат вазорату идораҳои соҳавӣ ё мақоми махсуси ваколатдор амалӣ менамоянд. Зикр шуд, ки ҳадафи асосии лоиҳаи қонун дастгирӣ ва рушди минбаъдаи соҳибкорӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва иштироки фаъоли бахши хусусӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар аст. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳамкории давлат ва бахши хусусиро муайян менамояд. Ҳамзамон он тартиби татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи инфрасохторӣ ва хизматрасонии иҷтимоиро муқаррар карда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии давлат ва бахши хусусиро таъмин месозад. Зимни баррасии лоиҳаи ин қонун раиси парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров доир ба шаффоф ва одилона гузаронидани тендерҳо дар ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ намуда, таъкид кард, ки дар самти гузаронидани озмуну тендерҳо ба он камбудию норасоиҳое, ки ҷой доранд, бояд хотима бахшид.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






