Вусъати корҳои сохтмонӣ дар Шӯрообод
Шӯрообод, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Дар ноҳияи Шӯрообод дар 9 моҳи соли ҷорӣ сохтмони 13 иншоот, аз қабили 3 клиникаи байторӣ, корхонаи коркарди сангу шағал, бинои маъмурии « Тоҷиксодиротбонк» бинои ферма барои 1000 сар чорвои калони шохдор, фермаи мурғпарварӣ барои 5000 сар мурғ, 1 бунгоҳи тиббӣ , 2 китобхона, 1 корхонаи заршӯи, инчунин аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ як бунгоҳи тиббӣ ва як китобхона ба маблағи 31 000 сомонӣ ба итмом расида, 145 нафар корҷӯй бо ҷои кор таъмин гардиданд. Хизматрасонӣ ба беморони афғон. Шӯрообод, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Аз тарафи Вазорати тандурустӣ соли гузашта ба беморхонаи марказии ноҳияи Шӯрообод барои хизматрасонии шаҳрвандони Афғонистони дӯст як мошини ёрии таъҷилӣ ҷудо гардид, ки дар айни ҳол маризони афғон дар беморхонаи марказии ноҳия муолиҷа мегиранд. Бино ба иттилои Раҳим Файзалиев, ҷонишини менеҷери кӯмаки аввалияи санитарию тиббии ноҳия дар 9 моҳи соли ҷорӣ 15 нафар шаҳрванди Афғонистон муолиҷа гирифта, як нафари дигар бо бемории зарбаи косахона ва мағзи сар бистарӣ мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






