Зимистони сард таътили тирамоҳиро бекор кард

Октябрь 30, 2012 17:30

Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). – Тавре ки аз Вазорати маориф иттилоъ доданд, таътили тирамоҳии толибилмон, ки аз 1 то 8-уми ноябр ба нақша гирифта шуда буд, бекор карда шуд. Дар ин бора сардори Раёсати томактабӣ ва маълумоти миёнаи Вазорати маорифи ҶТ Абдусамад Муллоев хабар дод. А. Муллоев иброз дошт, ки сабаби бекор кардани таътил дар сард омадани зимистони имсола мебошад. «Дар робита ба ин, тасмим гирифта шуд, ки таътили тирамоҳӣ бекор ва таътили зимистона, ки аз 1-уми январ оғоз мегардад, дарозтар карда шавад», — қайд намуд Абдусамад Муллоев. Вазорати маорифи ҷумҳурӣ сабаби чунин тасмимро ба зимистони сарди оянда нисбат медиҳад. Аз ҳисоби таътили тирамоҳӣ таътили зимистона ба муддати як ҳафта дароз карда мешавад.

Октябрь 30, 2012 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш