Қочоқчиён ба даст афтоданд

Ноябрь 28, 2012 17:05

Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Кормандони гумруки Тоҷикистон қочоқчиёни навбатиро, ки миқдори зиёди маводи нашъаоварро ба қаламрави Русия бурданӣ буданд, дастгир карданд.Мувофиқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, ҳангоми назорати гумрукии хатсайри Душанбе – Новгород дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе сокинони ҷумҳурӣ Саид Устоҷонови 21 – сола ва Фирӯз Дамонови 23 – соларо бо гумонбари қочоқи маводи нашъаовар дастгир шуданд. Кормандони гумрук баъди муоинаи тиббӣ аз меъдаи шахсони дастгиршуда 151 бастаи махсуси дорои маводи нашъаоварро хориҷ намуданд, ки вазни умумии онҳо қариб 1 килограмму 300 граммро ташкил медиҳад.Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.

Ноябрь 28, 2012 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш