Барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба Барак Обама

Ноябрь 8, 2012 15:52

Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Америка Барак Ҳусейн Обама барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин гуфта мешавад:Ҷаноби Олӣ,Ба муносибати интихоби муҷаддади Шумо ба вазифаи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка сарфарозам табрикоти самимона ва таманниёти неки хешро ба Шумо бифиристам.Тоҷикистон сатҳи имрӯзаи муносибатҳои ҳамшарикии худро бо Иёлоти Муттаҳидаи Америка, ки фарогири ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсию амниятӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва гуманитарию фарҳангӣ мебошанд, баланд арзёбӣ менамояд.Бо истифода аз фурсати муносиб ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба рушду тавсеаи минбаъдаи доираи робитаҳои гуногунҷанба бо Иёлоти Муттаҳидаи Америка таъкид намуда, ҷиҳати тақвияти ин раванд омодагии хешро барои идомаи муколамаи созанда байни ду давлати ба ҳам дӯст дар ҳамаи сатҳҳо иброз менамоям.Бо камоли хушнудӣ ба Шумо сиҳатии комилу саодатмандӣ, дар фаъолияти минбаъдаатон комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Америка — пешрафту шукуфоии рӯзафзун таманно дорам.
 
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ноябрь 8, 2012 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад