Фаъолияти 6 корхонаи истеҳсолӣ дар МОИ «Суғд»
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, дар моҳҳои январ-октябри соли 2012 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 6 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ фаъолият намуда, дар маҷмӯъ ба миқдори 14 млн. 765 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.Ба иттилои сардори Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалӣ Т.П. Гукасова дар давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ, аз ҷумла дар корхонаи саноатии «Сарандуд» ба маблағи 315 ҳазор сомонӣ, дар ҶДММ «Реал» ба маблағи 2 млн. 63 ҳазор сомонӣ, КМ «Силкоат-Бойя» ба маблағи 2 млн 868 ҳазор сомонӣ, КМ «Стар- Пласт» ба маблағи 9 млн. 161 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Дӯсти Амирхон» ба маблағи 168 ҳазор сомонӣ ва ҶДММ «Некон» ба маблағи 189 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.- «Сарфи назар аз он, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи се корхони саноатии Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» нисбатан камтар аст, аммо дар маҷмуъ аз 330 га гирифтани беш аз 14 млн. сомонӣ маҳсулот дастоварди бузург аст»,- иброз дошт Т.П.Гукасова дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар».








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






