Корҳои илмию селексионӣ дар соҳаи човодорӣ
Душанбе, 22 ноябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар натиҷаи корҳои илмию селексионӣ аз 488 сар насли сермаҳсули дурага дар хоҷагии зотпарварии ба номи Сафарови ноҳияи Балҷувон 124 сар зебуи қазоқӣ, 146 сар зебуи қалмиқӣ, 119 сар зебуи абердинӣ ва аз насли дурагаи маҳаллӣ 98 сар зебуи тоҷикӣ ба даст оварда шудааст,-иттилло доданд аз Пажуҳишгоҳи чорводорӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Тавассути корҳои селексионӣ муайян гардид, ки маҳсулнокии насли дурага нисбат ба ҷинси модариашон 26 фоиз зиёд аст. Аз ин рӯ, олимони селексионер аз ҳисоби ҷинси нави дурага озмоишгоҳи говҳои сергӯштро таъсис доданд. Олимони пажуҳишгоҳ ҳамчунин аз 637 сар қутосҳои зотии таҳти назоратдошта 131 сар насли аз ҷиҳати ирсӣ беҳтарро ба даст оварданд.Дар гурӯҳҳои селексионии говҳои зоти сиёҳало, ки насли аз онҳо гирифташуда дурагаи зоти голштинӣ мебошанд, дар 305 рӯз ҳар яки он беш аз 5 ҳазору 600 кг шир дӯшида шуд, ки нисбат ба зоти модариашон 250-300 кг шир зиёд аст.Самараи фаъолияти олимони Пажуҳишгоҳи чорводорӣ сол то сол беҳтар гардида, миёни дигар пажуҳишгарони соҳаи чорводории ИДМ ба дастовардҳои беҳтар ноил гардидаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






