Кўчаву хиёбонҳои шаҳр номҳои тоҷикӣ мегиранд
Душанбе, 13 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Интизор меравад, ки то ҷашни 90-солагии шаҳри Душанбе, ки соли 2014 таҷлил хоҳад гашт, кўчаву хиёбонҳои пойтахт, ки бархеашон номҳои ғайритоҷикӣ доранд, ба номи шахсиятҳои барҷастаи миллат номгузорӣ мешаванд. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки бо иштироки роҳбарони комиссияҳои доимии Маҷлиси шаҳрӣ, сохторҳои марбутаи пойтахт, институтҳои шаҳрвандӣ баргузор шуд, матраҳ гардид. Вобаста ба масъалаи номгузории кўчаву хиёбонҳои шаҳр гузориши раиси Комиссияи доимии марбутаи Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе оид ба номгузории кўчаву хиёбонҳои шаҳр Абдулҳамид Самадов шунида шуд. Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулин дастур дод, ки фаъолияти комиссия тақвият дода шуда, нисбат ба ин масъала фикру пешниҳодҳои сокинони пойтахт ба эътибор гирифта шавад.Раиси шаҳр ба манзури риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавриди таҳияву насби шиору овезаҳои таблиғотӣ дар шаҳр аз сўи шахсони воқеиву ҳуқуқӣ муовинаш -Санавбар Раҳимоваро муваззаф намуд, ки дар ҳамкорӣ бо муовинони соҳавии раисони ноҳияҳо ва комиссияҳои марбутаи шаҳриву ноҳиявӣ то 1 январи соли 2013 нуқсонҳои мавҷударо бартараф карда, минбаъд барои роҳ надодан ба камбудиҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






