Раванди узвияти Тоҷикистон ба СҶТ наздик аст

Ноябрь 21, 2012 15:50

Душанбе, 21 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раванди пазируфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат /СҶТ/, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо кишварҳои аъзои СҶТ , мутобиқ намудани қонунгузории кишварамон ба талабот ва шароити СҶТ зимни мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо намояндагони СҶТ Шейду Осакве ва Дмитар Братанов дар Душанбе матраҳ гардид.Шукурҷон Зуҳуров доир ба омодагии Тоҷикистон ҷиҳати шомил шудан ба СҶТ ибрози назар карда афзуд, ки тўли солҳои охир Тоҷикистон иқтисодиёти кишварамон тамоюли рў ба рушдро касб намуда, дар зарфи 5 сол ҳаҷми Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ /ММД/ чаҳор маротиба афзоиш ёфтааст. Мавсуф афзуд, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон барои воридшавии Тоҷикистон ба СҶТ заминаю фазои мусоиди қонуниро фароҳам оварда, талош дорад, ки ҳамаи қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба талаботи СҶТ мутобиқ намояд. Инчунин бо мақсади таъмини раванди шомилшавии Тоҷикистон ба СҶТ ба як қатор қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки он ҷараёни пазируфтани кишвари моро ба ин созмон осон хоҳад кард.Намояндаи СҶТ Шейду Осакве гуфт, ки намояндагони масъули СҶТ тамоми санадҳои заруриро барои пазируфтани Тоҷикистон ба СҶТ омода кардаанд. Вай таъкид кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам парлумони ин кишвар барои ворид шудани кишвари худ ба СҶТ ташаббуси созанда ва муассир нишон доданд. Ин иқдоми ҷиддӣ марҳилаи ворид гардидани Тоҷикистонро ба СҶТ наздиктар менамояд. Шейду Осакве таъкид кард, ки шомил шудани Тоҷикистон ба СҶТ барои беҳтар гардидани вазъи иқтисодии Тоҷикистон ва афзоиши ҳаҷми ММД заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ноябрь 21, 2012 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд