Тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионӣ
Душанбе, 5 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ»-ро 5 ноябр аъзои Шўрои палатаи поёнии парлумони кишвар дар ҷаласае, ки дар ҳузури Шукурҷон Зуҳуров- раиси Маҷлиси нмаояндагон доир гардид, баррасӣ намуданд. Олим Салимзода –раиси Кумитаи палатаи поёнии парлумони кишвар зимни ташреҳи масъалаи мазкур гуфт, ки ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи ин қонун талаботи замон ва мутобиқ намудани он ба қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст. Зикр шуд, ки шартномаҳои байналмилалӣ асоси ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалиро танзим намуда, барои ҳимояи сулҳу амният, рушди ҳамкории байналмилалӣ мутобиқи мақсад ва принсипҳои Оинномаи Созмони Милалли Муттаҳид мусоидат менамоянд. Ин қонун тартиби бастан, қабул, тасдиқ, бақайдгирӣ, нашр, иҷро, бекор кардан ва боздоштани шартномаҳои байналмилалиро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Аъзои Шўро ҳамзамон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», масъалаҳо «Дар бораи ҳисоботи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2012» ва «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013»-ро матраҳ намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






