Ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои СААД дар Маскав
Душанбе, 19 декабр (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷмъӣ баргузор гардид.Барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии созмон сарони давлатҳои Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистон ва дигар шахсони масъул ба ҳам омаданд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони дигар давлатҳоро дар қасри Кремл Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин истиқбол гирифт.Дар ҷаласа масоили таҳкиму тақвияти ҳамгироии муштарак дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла дар робита бо авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба роҳҳои пурзӯр намудани амнияти иттилоотӣ дар минтақаи масъулияти СААД зоҳир карда шуд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни андешаронӣ ба авзои Афғонистон ва таъсири манфии он ба кишварҳои минтақа таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки “кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир бояд бо сохторҳои марбутаи худи Афғонистон ҳамкории босамар ба роҳ монанд ва ба тақвияти онҳо мусоидат намоянд”. Таҷрибаи Тоҷикистон дар омодасозии кадрҳо барои сохторҳои қудратии Афғонистон ва мусоидат ба бозсозии иқтисодиёту иҷтимоиёт ва зербинои нақлиётию энергетикии он ибратбахш номида шуд.Сарони давлатҳои аъзои созмон ба дастгирии Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи тӯлонӣ бо Афғонистон, асосан бо роҳи кумаки имтиёзии ҳарбӣ-техникӣ ба нерӯҳои марзбонӣ ва омодасозии кадрҳои ин соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.Ин ҳамоиш яке аз босамартарин мулоқотҳо арзёбӣ гардид.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






