Амрикоиҳо барои ду сол захира доранд

Декабрь 7, 2012 09:41

Гуруҳе аз мутахассисони тоҷик, ки намояндагони касбу кори гуногунанд, аз сафари Амрико баргаштанд.  Дар робита ба натиҷаи сафари мутахассисони тоҷик ба Амрико суҳбате оростем бо Муродалӣ Ашўралиев, дотсенти кафедраи туризм ва хадамоти гумруки Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат: —-Муродалӣ Имомалиевич. сафари Шумо ба Амрико дар доираи кадом барнома сурат гирифт? —-Сафари мо ба ин кишвар дар доираи барномаи «Ҷаҳони боз», ки аз ҷониби Шўроҳои амрикоӣ ва Конгресси ин кишвар фароҳам омада буд, ҷараён гирифта, он муддати 8 рўз идома ёфт. —Таассуроти Шумо аз Амрико чӣ гуна аст? Ду рўзи аввали сафар дар Вашингтон будем ва аз марказҳои идории ин шаҳр боздид намудем. Баъдан тавассути ҳавопаймо ба иёлати Юта парвоз намудем ва маркази сайёҳии шаҳри Оремро тамошо кардем. Бояд зикр намоям, ки сафари Амрико барои ман ва ҳамроҳонам хеле аҷиб буд ва аз он як ҷаҳон таассурот бардоштем. Хусусан барои ман, ки дар бахши туризм фаъолият дорам, хеле манфиатбахш буд, зеро таҷрибаи бисёр ғаниро дар сатҳи меҳмоннавозӣ ва хизматрасонии сайёҳӣ андўхтам. Зимни сафар аз нуқтаҳои сайру сайёҳатии ин кишвар, бахусус аз Боғи миллии он, ки бо номи Капитол Риф, маъруф буда, дар он намудҳои гуногуни ҳайвоноту паррандаҳо ва наботот вуҷуд доранд, дидан намудем. Роҳбалади мо зикр кард, ки ҳатто оҳувон баъзан аз ин боғ ба шаҳру деҳаҳои назди водӣ сайркунон омада, дар ин боғ мемонанд. Аҷиб, ки мардуми ин ҷо онҳоро бо ёрии маъмурони Боғи миллӣ бо оромӣ боз ба тарафи кўҳу ҷангал меронанд. Шикори ҳайвонот дар ин ҷо дар моҳҳои октбяр ва ноябр иҷозат дода шудааст. Инчунин аз муассисаи давлатии моҳипарварӣ, ки он ҷо гулмоҳӣ парвариш намуда, баъдан онро барои кам нагаштани саршумор ба кўлу дарёҳо сар медодаанд, дидан намуда, дар суҳбати мутахассисони он ҷо бо технологияи нигоҳдорӣ ва парвариши моҳӣ ошно гаштем. Ҳамзамон аз минтақаи сайёҳии Санданс, ки он ба як ҳунарманди синамои Голливуд тааллуқ дорад ва он ҷо минтақаҳои дилхушкунанда, меҳмонхонаҳои хурду олисифат, коргоҳи коркарди партови шишапора, ки туҳфаҳои бисёр ҷолиб барои фурўш ба сайёҳон тайёр мекунад, аз нуқтаи лижароние, ки дар талу теппаҳои ин ҷо ташкил шудааст, аз пайроҳаҳои дучархаронӣ, ки барои варзишгарону сайёҳони машғули ин намуд фароҳам оварда шудааст, дидан намуда, бо маъмурияти ин марказ суҳбат доштем. Инчунин Солт Лейк Ситиро, ки шаҳри сайёҳию варзишист ва Бозиҳои зимистонаи соли 2002 дар ҳамин ҷо баргузор гашта буд, тамошо намудем. Зимни сафарамон аз шаҳри Орем бо сенатори иёлати Юта мулоқот кардем. Шиносоӣ бо фаъолияти донишгоҳи Юта ва вохўрию суҳбатҳо бо устодони ин донишгоҳ, бахусус бо Янг Хо, ки аз тиҷорати тарабхонаю меҳмонхона ба донишҷўён дарс мегуфт, бисёр ҷолиб буд. Дар суҳбат бо донишҷўён дар бораи Тоҷикистон маълумот дода, тавассути навори видеоӣ соҳаи туризми Тоҷикистонро муаррифӣ кардем. —-Кадом дастовардҳои Амрикоро дар мавриди рушди туризми Тоҷикистон метавон истифода кард?
——Амрико дар бахши таблиғи хизматрасониҳои гуногуни сайёҳӣ пешрафта аст. Вақте ки мо аз Маркази сайёҳии иёлати Юта боздид намудем, дар он ҷо бо масъули ин марказ ҷаноби Дэвис вохўрдем. Ӯ яке аз сайтҳои таблиғотиро дар шабакаи Интернет ба мо муаррифӣ намуд, ки дар он омилҳои гуногуни хизматрасониҳои сайёҳиро барои муштариён фароҳам овардаанд. Ҳар як фард метавонад дар нуқтаи гуногуни ҷаҳон истода, вобаста ба иёлати Юта маълумоти кофиро доир ба бахши сайёҳӣ дастрас намояд. Дар он хизматрасониҳои зиёди сайёҳӣ, чорабиниҳои мухталиф, ки тўли соли ҷорӣ ва соли оянда ба нақша гирифтаанд, ба мисли баргузории ҷашни ҳосили тирамоҳии фермерҳо, ҷашни маликаи хурдакак байни кўдакони аз 6 то 15- сола, баргузории ҳар гуна чорабиниҳои варзишӣ, консертӣ, театрӣ дар сомонаи интернет ҷо дода шуда, барои хоҳишмандон мувофиқи завқашон хатсайр ташкил карда, ба онҳо хизмат мерасонанд. Устоди донишгоҳ доктор Янг Хо дар самти тиҷорати сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ фаъолият доштааст ва дар бораи афзалияти бахши сайёҳӣ дар Юта ба мо маълумот дод. Аз ӯ пурсон шудем, ки дар бораи туризми Тоҷикистон иттилоъ доред? Дар ҷавоб гуфт, ки бале, мо маълумоти пурра дар бораи Тоҷикистон, хусусан бахши туризми он дорем. Зикр намуд, ки агар хоҳед, ки соҳаи туризм дар Тоҷикистон босуръат рушд ёбад, пеш аз ҳама бояд инфрасохтори бахши туризмро дигаргун намоед. Онро ба талаботи замони муосир мутобиқ намуда, аз технологияи муосири иттилоотӣ бештар истифода баред ва раводидро бо баъзе аз кишварҳо, ки бештар шаҳрвандони онҳо барои тамошои кишвари шумо шавқ доранд, аз байн бардоред, инчунин хатсайрҳои мустақими ҳавоии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо ба роҳ монда шаванд. Ҳамзамон барои рушди соҳаи туризм шабакаи ягонаи хизматрасонӣ вуҷуд дошта бошад. Масалан, дар Амрико Магдоналдс / McDonalds/, Чикен /Chicken/ ва дигар шабакаҳои пешниҳоди хизматрасонии озуқавӣ вуҷуд доранд. Ба қавли онҳо, агар низоми ягонаи пешниҳоди ғизо вуҷуд дошта бошад, вобаста ба ҳамон нарх бояд ба мизоҷон ғизо пешниҳод намуд. Инчунин дар бораи фарҳанги хизматрасонӣ табодули назар карда шуд, зеро аввалин таассуроти сайёҳ аз кишвари хориҷӣ аз тарзи хизматрасонӣ ба вуҷуд меояд. Вақте хизматрасон муоширати воло менамояд, дар ин ҳолат ҳам сайёҳ як таассуроти мусбат ба кишвари худ мебарад ва ҳам барои кишвари сайёҳқабулкунанда манфиатбахш аст. Бояд тазаккур дод, ки ҳар сол беш аз 1 миллион сайёҳ аз иёлати Юта боздид менамояд. Дар Амрико аксарияти ташкилотҳои сайёҳӣ аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ саҳмгузорӣ мешаванд.   —Муносибати амрикоиҳо нисбат ба хориҷиҳо дар кадом сатҳ аст? —Муносибати амрикоиҳо нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ хеле самимист. Агар ягон чизро фаҳмидан хоҳед ва аз онҳо пурсон шавед, бо табассум ба шумо посух медиҳанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ ҳатто ба шумо кўмак ҳам мерасонанд. —Оё бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ таъсири худро ба иқтисоди Амрико расонидааст? — Мо ин суолро аз намояндаи Маркази сайёҳии иёлати Юта низ пурсон шудем. Онҳо дар ҷавоб гуфтанд, ки иёлати Юта аз иёлатҳоест, ки аз он ҷо шоҳроҳи бузург мегузарад ва ин иёлат дорои корхонаҳои бузурги тиҷоратию саноатӣ буда, ба истеҳсоли маҳсулоти гуногун, инчунин коркарди маъданҳои кўҳӣ, металлургияи ранга ва вазнин машғул аст, аз ин рӯ таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ назар ба дигар иёлатҳо ба Юта камтар расидааст. —-Амрикоиҳо дар бораи Тоҷикистон чӣ тасаввурот доранд? —-Амрикоиҳо дар бораи Тоҷикистон чандон маълумоти мукаммал надоранд. Ҳангоме ки мо дар бораи кишвари худ ба оилаҳои амрикоиҳо иттилоъ додем ва гуфтем, ки Тоҷикистон аз самти ҷануб бо Афғонистон ҳаммарз аст, нигоҳашон ба Тоҷикистон дигар шуд. Онҳо фикр карданд, ки кишвари мо, ки бо Афғонистон ҳамсоя аст, шояд ноамн бошад. Вақте ки дар бораи ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамсоя-Тоҷикистону Афғонистон, хусусан сохтмони пулҳо болои рудхонаи Панҷ ва Омў табодули назар кардем, назарашон дар бораи Тоҷикистон тағйир ёфт. —-Зиндагии амрикоиҳо чӣ гуна аст? —-Дар оилае, ки ман муддати будубошам дар Амрико зиндагӣ доштам, сарвари оила — Кент Меллингтон корманди донишгоҳ ва ҳамсараш Линда Меллингтон мутахассиси соҳаи тиб буданд. Зиндагии хуб ва ором доранд. Манзили истиқоматиашон ба таври оддӣ бунёд шудаву дорои тамоми шароити зист мебошад. Таҳхонаи хонаҳояшон боз таҳхона дорад, ки дар он ҷо асосан маҳсулоти хўрокиашонро барои ду сол захира намудаанд. Аз ҷумла, меваи хушк ва дигар маҳсулоти ғизоиро, ки вайрон намешаванд, барои рўзи мабодо, хусусан ҳолатҳои фавқулъода захира кардаанд. —Чун устоди бахши туризм ҳастед, ба донишҷўён аз кадом фанҳо дарс медиҳед? —Дар факултаи туризми донишкада аз туризм ва меҳмонннавозӣ ва менеҷменти сайёҳати байналмилаӣ, яъне аз рўи ду ихтисос дарс дода мешавад.Инчунин таълими фанҳои фарҳанги хизматрасонӣ дар соҳаи туризм, реклама дар туризм, технология ва ташкили хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо, асосҳои туризм низ ба роҳ монда шудааст.— Ба назари шумо, кадом омилҳо метавонанд ба рушди туризм мусоидат намоянд? ——Аксари кишварҳои ҷаҳон дар соҳаи туризм ва меҳмонпазирӣ, бо таваҷҷуҳ ба тавонмандиҳои табиӣ, мероси фарҳангию таърихии худ ҳамеша кўшиш мекунанд, то сайёҳони зиёдро ба кишварашон ҷалб намоянд. Ба ин хотир онҳо кўшиш менамоянд, ки бо барномарезиҳо, пеш гирифтани сиёсатҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва барқарории равобит бо ҳамаи кишварҳо, таъмини амнияти дохилӣ ва байналмилалӣ ва эҷоди заминаҳои иқтисодию фарҳангӣ дар сатҳи миллӣ ҷараёни сармоягузориро ба сўи худ ҷалб кунанд ва саҳму даромади ҳар чӣ бештарро ба даст оранд. Бо ин роҳ барои мардуми худ дар соҳаи туризм ва меҳмонпазироӣ ҷои кор, машғулият ва даромад эҷод мекунанд. Аз ин ҷост, ки рақобати сулҳомез ҳамроҳ бо тарҳи дўстию амнияти миллӣ-минтақавӣ ва байналмилалӣ ва ҳусни тафоҳуми сиёсӣ бо соири давлатҳои олам, бахусус ҳамсоягон шакл мегирад. Аз ин ҷиҳат, рушди соҳаи туризм ва меҳмонпазирӣ на танҳо боиси рушди иқтисоди кишвар, балки омили беҳтар гаштани равобити байналмилалӣ, мустаҳкамии дўстӣ ва таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ мегардад. Меҳмонпазирӣ як ҷузъи фарҳанги инсоният аст ва аз баъзе хусусиятҳо –қабул кардан, ҷой додан, зиёфат оростан ва нишон додани ҷойҳои ҷолиб иборат аст. Норасоии кадрҳои касбӣ монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди соҳаи сайёҳӣ ва меҳмонпазирӣ гаштааст. Аз ин рў, мо ба марказҳои илмию методӣ ва омўзишии тавоное, ки ба омода кардани кадрҳои баландихтисоси касбӣ машғуланд ва онҳоро ба таври амалӣ тайёр намоянд, ниёз дорем. Дар баъзе муассисаҳои таълимии кишвар мутахассисони соҳаи туризм тарбия мешаванд. Ин муассисаҳо ҳам ба баъзе мушкилот мувоҷеҳанд. Синфхонаҳои ин муассисаҳои таълимӣ ба таъмини таҷҳизоти зарурии ихтисосӣ, аёният, технологияи нав, таҷҳизоти махсуси туристӣ ва дигар мавод зарурат доранд. Дар Амрико ба мудирияти меҳмонхона барои фаъолияти хубашон дар асоси шартномаи меҳнатӣ подоши мувофиқ медиҳанд. Дар кишвари мо чунин низом вуҷуд надорад ва он ба самаранокии кор монеа эҷод мекунад. Новобаста ба мушкилоти мавҷудаи соҳаи сайёҳӣ ва меҳмонпазирӣ дар кишвар меҳмонхонаҳои зиёд вуҷуд доранд, ки баъзеашон ба талаботи бозори байналмилалии сайёҳӣ ҷавобгўянд. Вале теъдоди чунин меҳмонхонаҳо кам аст. Аз ин рў, барои рушди соҳаи туризм ва меҳмонпазирӣ ба ҳамкориҳои ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо бояд мусоидат намуд. Рў овардан ба меҳмонхонаҳои шабакавӣ дар кишвари мо дар ҳоли ташаккул аст. Мушкилии дигар набудани як маркази илмӣ дар мавриди нозукиҳои кору фаъолият дар меҳмонхонаҳо ва умуман соҳаи туризм ва меҳмонпазирӣ, китобу дастурҳои таълимию методӣ ба забони тоҷикист. Маводи иттилоотию таблиғии муассисаҳои сайёҳӣ нақши дигари муҳим доранд. Варақаҳои таблиғӣ, брошюраҳо, буклетҳо, харитаи шаҳр ё кишвар ва дигар адабиёти таърихию фарҳангӣ аз ҳамин қабил аст. Дар ин самт ҳар як амали роҳбарияти муассиса, аз қабул ва дастгирии ин ё он низоми хизматрасонӣ то ба ҷорӣ намудани лоиҳаҳои инноватсионӣ ба кори кормандон ва вазифаҳое, ки дар назди онҳо гузошта шудаанд, таъсиргузор аст. Мусоҳиб хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия Саидова

Декабрь 7, 2012 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз аз нашри нахустин шумораи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» 19 сол сипарӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ВОСИТАИ МУАССИРИ ЭЪТИРОФ. Барои ҳар шахси озодихоҳ неъмате муқаддастар аз он нест
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бахшида ба Истиқлоли Тоҷикистон ҳамоиши кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир шуд
ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд