Дар Душанбе намоишгоҳи ҶИА доир мешавад

Декабрь 3, 2012 10:48

Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Чанде пеш раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ва намояндаи тиҷоратии Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон Амирҳамза Саҳроӣ дурнамои ҳамкории минбаъдаи мутақобилан муфиди тиҷоратию иқтисодӣ ва моҳҳои апрел ва майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе доир намудани намоишгоҳ – ярмаркаи навбатии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро мавриди муҳокима қарор доданд.Мусоҳибон зимни мулоқот зикр намуданд, ки намоишгоҳҳо ва ҳамоишҳои тоҷирони Афғонистону Тоҷикистон ба рушду густариши равобити дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ бо иштироки соҳибкорони шаҳри Кобул, вилоятҳои Мазори Шариф, Ҳирот, Балх, Қундуз, Қандаҳор, Ҷалолобод, Бомиён ва ғайра мусоидат карданд.Шариф Саид зикр намуд, ки ҳаҷми содироти амвол байни ҳар ду кишвар тадриҷан афзун мегардад. Ташкили намоишгоҳу ярмаркаҳои Афғонистон дар шаҳри Душанбе, ҳамчунин ҳамоишҳои тоҷирони ҳар ду кишвар аз ин шаҳодат медиҳад. Амирҳамза Саҳроӣ дар навбати худ иброз дошт, ки пешниҳоди роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати ҶТ ҷиҳати баррасӣ ба маълумоти сохторҳои дахлдори Афғонистон расонида мешавад. Мавсуф қайд намуд, ки ширкатҳои Афғонистон ҷонибдори вусъат бахшидани фаъолияти соҳибкорӣ бо Тоҷикистон мебошанд.

Декабрь 3, 2012 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад