Душанбе мизбони ҳамоиши байналмилалӣ
Душанбе, 17 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Моҳи августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба муносибати Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об конфронси байналмилалӣ гузаронида мешавад. Интизор меравад, ки дар ин ҳамоиш намояндагони кишварҳои гуногун, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва коршиносон иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориро дар бахши об матраҳ хоҳанд сохт.Аз вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» итттилоъ доданд, ки дар доираи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои он бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар сатҳи Маҷмаи умумии СММ дар Рўзи ҷаҳонии об 22 марти соли 2013 дар Ню-Йорк муколлама доир мешавад, моҳи сентябри соли 2013 дар Стоголм чорабинии махусус дар робита ба Ҳафтаи ҷаҳонии об баргузор менамоянд. Эълон намудани соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буда, моҳи декабри соли 2010 Маҷмаи умумии СММ бо дастгирии якдилонаи кишварҳои аъзо ҷиҳати татбиқи амалии ин иқдоми наҷиби Сарвари давлати Тоҷикистон қатъномаи махсус қабул намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






