Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи Мавлоноро зиёрат кард
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия ташриф оварда, нахуст оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румиро зиёрат кард ва бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи Мавлоно мулоқот намуд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар фурӯдгоҳи шаҳри Қуния бо эҳтирому самимияти хоса истиқбол гирифтанд.Дар ин шаҳри зебои бостонӣ ӯ ва ҳайати ҳамроҳаш, аз ҷумла намояндагони илму фарҳанги Тоҷикистон нахуст оромгоҳи шоир, олим ва мутафаккири бузурги олами Шарқ Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румиро зиёрат намуда, барояш дуою фотиҳаи накӯ карданд. Тавре аён гардид, оромгоҳи ин пири ботадбир, ки зиёратгоҳи маҳбуби мардуми кишварҳои зиёди Шарқу Ғарб аст, ҳамеша пур аз зоирон аст.Шоҳбайтҳое, ки дар болои дари даромадгоҳи оромгоҳ ва деворҳои чор паҳлӯи он навишта шудаанд, аз эътиқоду эҳтироми баланди бузургони гузаштаю имрӯза ба осори ҷаҳоншумули мавлоно гувоҳӣ медиҳанд:Каъбат-ул-ушшоқ бошад ин мақом,Ҳар ки -ноқис омад, ин ҷо шуд тамом.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳ ва осорхонаю қадамҷоҳои дигари Мавлонои Балх, ки ҳамагӣ зиёратгоҳҳои мубораки муридону ихлосмандони ин донишманди оламшумуланд, шинос шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






