Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони давлатҳои ИДМ
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхобод-пойтахти Туркманистон дар ҷаласаи навабатии Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) иштирок намуд.Барои ширкат дар ин ҳамоиш ба Ашхобод, ҳамчунин сарони дигар давлатҳои аъзои ин созмон, аз ҷумла Арманистон, Беларус, Русия, Қазоқистон, Украина, Узбекистон, Сарвазири Молдова, Сарвазири Озарбойҷон ва Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ташриф оварданд.Дар ҷаласа наздики 20 масъала, аз ҷумла масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва вобаста ба фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва шабакаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои аъзои ин созмон баррасӣ шуд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳоро бештар ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод ва савдо, нақлиёту коммуникатсия ва энергетика ҷалб намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки “муносиботи иқтисодӣ заминаи асосии ҳамкорӣ дар ҳамаи бахшҳои дигар мебошад ва бе рушди дилхоҳи кор дар ин самт робитаҳои сиёсӣ ва илмию фарҳангии мо наметавонанд густариши судманд дошта бошанд”.Баъди муҳокимаи масоили рӯзнома, ки дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо ва дар музокирот бо иштироки ҳайатҳои расмӣ сурат гирифт, аз ҷониби сарони давлатҳо ва ҳайатҳо як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Эъломияи сарони кишварҳои ИДМ оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷониба, қарор дар бораи таҷлили 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ барои ташкили бозори якҷояи асъори хориҷӣ ва созишномаҳо доир ба омодасозии мутахассисони сохторҳои зиддитеррористӣ ва таъмини моддию техникии чунин мақомот аз ҷумлаи санадҳои имзошуда мебошанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






