Конфронси байналмилалӣ

Декабрь 12, 2012 16:53

ушанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар»). – 11 декабр дар шаҳри Ашқобод конфронси байналмилалӣ бахшида ба панҷумин солгарди ифтитоҳи расмии Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи тадбирӣ барои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар кори он муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров ширкат дошт.Маҳмудҷон Собиров зимни суханрониаш фаъолияти марказро тайи давраи панҷ соли гузашта муфассал арзёбӣ намуда, барои такмили фаъолияти минбаъдаи марказ тавсияҳои мушаххасро ироа намуд. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Декабрь 12, 2012 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш