Парлумон қонуни тайёрии варзиширо қабул хоҳад кард
Душанбе, 17 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ» бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди оммавӣ намудани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таҳия шудааст» гуфт зимни баррасии лоиҳаи қонуни мазкур Марҳабо Ҷабборова-раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Шўрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки 17 декабр таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Марҳабо Ҷабборова ҳамзамон таъкид кард, ки лоиҳаи қонуни мазкур ба таҳкими саломатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи қобилияти ҷисмонии шаҳрвандон равона гардида, барои ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад.Зикр гардид, ки дар баробари рушди ҷомеа намудҳои нави варзиш ва муассисаҳои тайёрии варзишӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ба вуҷуд омада бошанд ҳам, аммо то ба имрўз фаъолияти онҳо ба фазои ягонаи ҳуқуқӣ ворид нашудаанд. Дар бисёр мавридҳо муассисаҳои тайёрии варзишӣ ва дигар субъекҳои тайёрии варзишӣ фаъолияти худро бе барномаҳои илман асосноки тайёрии варзишӣ, ки аз тарафи мақомоти дахлдор тасдиқ бояд шаванд ба роҳ монда, стандартҳои тайёрии варзиширо риоя карда намекунанд, ки он метавонад боиси оқибатҳои ногувор гардад.Ҳамин тавр, бе таъсиси низоми ягонаи ҳуқуқии ташкили фаъолият дар соҳаи тайёрии варзишӣ ба даст овардани ҳадафи ниҳоӣ, яъне таъмини инкишофи бемайлон ва оммавӣ намудани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҷумҳурӣ имконнопазир аст.Муаллифони лоиҳаи қонуни мазкур вакилон Мирганд Шабозов, Марҳабо Ҷабборова, Меҳроҷиддин Ҳакимов ва Бибидавлат Афзалшоева мебошанд. Лоиҳаи қонун аз 4 боб ва 22 модда иборат буда, масъалаҳои мухталифи танзими ҳуқуқии соҳаи тайёрии варзиширо дар бар мегирад.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






