Раванди татбиқи Барномаи экологӣ
Душанбе, 3 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2019-ум аз масъалаҳое буд, дар ҷараёни муҳокимаи парлумонӣ баррасӣ шуд. Раиси Кумитаи масъалаҳои аграрӣ ва экологияи Маҷлиси намояндагон Саиди Ёқубзод зикр намуд, ки палатаи поёнии парлумони мамлакат вобаста ба паёмадҳои экологии солҳои охир дар ҷаҳон, минтақа ва ҷумҳурӣ ба масъалаи экологӣ таваҷҷўҳи бештар зоҳир менамояд. Дар ин робита ду сол қабл дар парлумони Тоҷикистон бо назардошти аҳамияти масъалаи муҳити зист Комиссияи экологӣ таъсис дода шуд ва барои беҳтар намудани танзими муносибатҳо дар соҳа 8 қонуни мукаммал ва чандин тағйироту иловаҳо дар шакли қонун қабул гардидаанд. Ҳамзамон дар ҷаласа Рустам Латифов –раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон доир ба масъалаи баррасишуда назари худро баён дошт ва гуфт, ки масоили экологӣ имрўз яке аз муҳимтарин афзалиятҳои сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ин Барномаи дуюми давлатии экологиро барои солҳои 2009 – 2019 қабул намуд, ки он ҳуҷҷати асосии давлат, муайянкунандаи самтҳои асосии рушди устувори ҷомеа, мувозинати захираҳои табиӣ ва истифодабарандагони захираҳои табиӣ ва худӣ, инчунин роҳҳои барқароркунии фазои экологии вайроншуда ба шумор меравад. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон кишвари кўҳсор буда, шуғли асосии мардумаш кишоварзист. Ҳар сол бо сабаби номусоидии обу ҳаво ва таъсири ҳодисаҳои номатлуби экологӣ ва фавқулодда ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба соҳаи кишоварзӣ хисороти зиёд мерасад. Дар ҳолати ба суратҳисоби филиалҳои суғурта ворид нашудани ҳаққи суғуртавӣ онҳо тавони зарарро ҳақгузорӣ карда наметавонанд. Дар муҳокимаи парлумонӣ, ки дар он намояндагону масъулини вазорату идораҳои марбутаи кишвар ширкат доштанд атрофи Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2019-ум ибрози назар карда шуд ва пешниҳодҳои ҷолиб ироа гардиданд. Бояд тазаккур дод, ки Барномаи мазкур моҳи феврали соли 2009 бо қарори Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.