Ректор ДДСТ: «Ғарб аз тамаддуни Шарқ фаровон истифода мебурд»
Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Саидэҳсони Солеҳ),- Аслиддин Низомов, ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон гуфт «Агар Гёте имрӯз аз қабр хезад, ба аврупоиҳо мегӯяд, ки давлатҳои форсизабонро ба ҷои ғорату бадбинӣ намудан обод кунеду аз фарҳанги бузургашон, ки аҷдодатон истифода мебурданд, истифода баред». Чанде пеш Аслиддин Низомов, дар ҳамоиши байналмилалии кишварҳои форсизабон, ки дар шаҳри Теҳрони ҶИ Эрон баргузор шуд, ширкат кард. Мақсади ҳамоиш он будааст, ки бори дигар ба ҷаҳониён таъкид кунанд, то аз нақши фарҳанг ва мероси фарҳангии ин кишварҳо огаҳ шаванд, донанд, ки ин миллатҳо чӣ фарҳангу осори бою ғанӣ доранд. Аслиддин Низомов гуфт: «Аз сӯи дигар ташаббускорони ин ҳамоиш мехостанд ҳамаи фарҳангиёни ин кишварҳоро ҷамъ оваранд, муттаҳид намоянд, то ба таъсири бади ҷаҳонишавӣ муқовимат карда тавонанд. Ректори ДДСТ дар як суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки дар ин нишаст донишкадаи мазкур бо Донишгоҳи давлатии миллии Эрон як созишнома низ ба имзо расонид, ки минбаъд тибқи он барои дар факултаи ҳунари Донишгоҳи Эрон таҳсил кардани донишҷӯёни тоҷик 10 бурс ҷудо ҳоҳад шуд. Тибқи иттилои расонаҳои Эрон, Аслиддин Низомов, ректори ДДСТ зимни суханронӣ гуфтааст: «Садсолаҳо пеш ҷаҳониён, бахусус бузургони Аврупо, ба мисли Гёте, Пушкин, Толстой ва садҳои дигар назди бузургони форсу тоҷик сари таъзим фуруд меоварданд, аз фарҳангу тамаддуни Шарқ фаровон истифода мебурданд, зеро прогматизми Ғарб чизи хубро истифода кардан аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






