Тақвияти мубориза оид ба хариду фурӯши одамон
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Имрӯз маҷлиси Гурӯҳи кори мубориза оид ба хариду фурӯши одамон доир гардид, ки онро роҳбари гуруҳи корӣ-муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинова оғоз бахшид. Баъдан муовини сардори Раёсати ҷавонони Кумита, котиби гуруҳи корӣ Қиёмиддин Миралиев оид ба натиҷаҳои нақшаи корӣ маълумот дод. Номбурда аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дархосту мулоҳизаҳояшонро дар бораи нақшаи кори гуруҳ барои соли 2013 пешниҳод намоянд.Аз ҷониби намояндаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки зиёд намудани чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва сафарҳои корӣ ба минтақаҳо ба нақша ворид карда шавад.Намояндаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи барномаҳои телевизиониро оид ба пешгирӣ ва мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон пешниҳод кард.Аз ҷониби аъзои гуруҳи корӣ пешниҳод гардид, ки барномаҳои телевизионӣ дар ин мавзӯъ бештар тарғибу ташвиқ шаванд ва ин банд ба нақшаи корӣ ворид шуд. Намояндаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати тандурустӣ барои ҳамкориҳои муштарак ибрози ақида намуданд.Гуруҳи кории мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон дар поёни ҷаласа бо назардошти пешниҳоду дархостҳои аъзои гуруҳ нақшаи кориро барои соли 2013 тасдиқ намуд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






