Тавофуқот дар бораи бунёди 3 корхонаи нави саноатӣ бо ҷалби 122 миллион доллари амрикоӣ аз Туркия
Душанбе, 18 декабр (АМИТ «Ховар»).- Тибқи 4 санади нави ҳамкорӣ, ки дар охири анҷумани соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Туркия ба имзо расид, бо ҷалби 122 миллион доллари амрикоӣ аз Туркия 3 корхонаи саноатӣ бунёд меёбад.Ёддошти тафоҳуми Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон ва ширкати Кока-Кола Ичечеки Туркия бунёди як корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои гуногунро бо ҷалби 70 миллион доллари амрикоӣ дар назар дорад.Тибқи Ёддошти тафоҳум миёни ширкати Тамвили Тоҷикистон ва ширкати Туркмолли Туркия бо ҷалби 50 миллион доллари амрикоӣ дар шаҳри Душанбе як Маркази истироҳати оилавӣ ва савдо сохта мешавад.Мувофиқи созишномаи ҳамкорӣ миёни ширкати Фаровони Тоҷикистон ва ширкати туркии Дегирменчи Кардешлар бошад, дар ноҳияи Ҳисор корхонаи истеҳсоли орд бо иқтидори шабонарӯзии 150 тонна маҳсулот ва анбори ғалла бо ғунҷоиши 18 ҳазор тонна бунёд хоҳад ёфт. Корхона бо харҷи 2 миллион доллари амрикоӣ бунёд меёбад ва дар он 150 кас соҳиби кори доимӣ мегарданд.Танҳо ҳамин рӯз миёни сохторҳои гуногуни Тоҷикистону Туркия 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Ба имзо расидани 9 санади дигар рӯзи 18 декабр дар назар аст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






