Ҳуввияти миллӣ чист ва сарчашмаи он кадом аст?

Январь 14, 2013 14:49

Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- 17- уми январи соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳуввияти миллӣ ва сарчашмаҳои ташаккули он» конфронси илмӣ баргузор мешавад. Дар назар аст, ки дар ин конфронс аз ҷониби иштирокдорони он суханрониву маърӯза, мулоҳизаву мубоҳиса ва пурсишу посухҳо сурат гиранд.  Аз рӯи маълумоти манбаъ дар конфронс Абдувоҳид Шамолов – директори Институти фалсафаи назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳуввияти миллӣ ва сарчашмаҳои ташаккули он» маърӯза хоҳад кард.

Январь 14, 2013 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш