Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Айбдор кардани иттифоқҳои касабаи Олмон
Душанбе, 04 январ. (АМИТ «Ховар»).- Намояндагони ширкати ҳавопаймоии «Раен-Эйр»- и Олмон иттифоқҳои касабаи сарнишинонро барои таъмини нокофии ҳавопаймоҳо бо сўзишворӣ ба хотири сарфаҷўӣ ва фишор овардан болои сарнишинон айбдор карданд.Бояд қайд кард,ки тафтишот вобаста ба ин ҳодиса охири моҳи июл оғоз гардида буд. Тибқи маълумоти расонаҳои хабарии Олмон аз сабаби нарасидани сўзишворӣ се ҳавопаймои ширкати мазкур дар шаҳри Валенсияи Испания оҷилан фурўд омада буд. Сарнишинон аз он хавф доштанд, ки сўзишвории ҳавопаймоҳо то шаҳри Мадрид эҳтимол басанда нест. Ин амал боиси нигаронии хукуматдорони Олмон гардид. Ҳалокати 11-нафар дар Афғонистон
Душанбе, 04 январ. (АМИТ «Ховар»).- Дар минтақаи Шоҳ Валикути музофоти Қандаҳори Афғонистон фоҷиа ба амал омад. Бар асари суқути чархбол 11 нафар ба ҳалокат расидааст. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар ҳафт тан аз фавтидагон низомиёни НАТО мебошанд. Ҳангоми парвоз дар дохили чархбол ҳамчунин сарбозони Артиши давлатӣ ва як нафар тарҷумони Афғонистон низ будаанд.Ба иттилои расида масъулияти ҳодисаи мазкурро силоҳбадастони аъзои Ҳаракати «Толибон» бар уҳда гирифтаанд, вале ҳукуматдорони маҳаллӣ инро инкор мекунанд. Вобаста ба ин ҳодиса мақомоти марбута тафтишот мебаранд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






