Дарёфти маводи нашъадор аз «Камаз»

Январь 25, 2013 15:39

Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Аз ҷониби кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе мошини тамғаи «Камаз», таҳти идораи ронанда Мубинҷон Ахмедови 43- сола, сокини ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд боздошт гардид, ки ҳангоми кофтукови мошин 14 килою 700 грамм маводи нашъадори афюн ва 14 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз МВД иттилоъ доданд, дар маҷмуъ вазни умумии маводи нашъадор 28 килою 700 граммро ташкил медиҳад. Вобаста ба ин ҷиноят ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрвандон Бадриддин Қаландаров, сокини ноҳияи Шаҳринав, пеш бо моддаи 200 КҶ ҶТ суд шудааст, Сафаралӣ Ҳафизов, сокини ноҳияи Ҷ.Румӣ, пеш бо моддаи 200 КҶ ҶТ суд шудааст ва Шоҳин Нозимов, сокини кӯчаи Назаршоеви пойтахт дастгир шуданд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Январь 25, 2013 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд