Дастури Путин оид ба будубоши муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).-Президенти Русия ба Хадамоти федералии муҳоҷират дастур дод, ки Созишнома дар бораи будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русияро ба имзо расонанд. Ҳуҷҷати мазкур 21 январи соли ҷорӣ дар сомонаи расмии маълумотҳои ҳуқуқӣ ҷой дода шудааст. Ба иттилои сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Абдуллоҳи Қодирӣ дар ҳуҷҷат омадааст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки камтар аз 15 рӯз дар ҳудуди ФР қарор доранд, метавонанд худро дар қайди мақомот нагузоранд. Созишнома то муҳлати номуайян баста мешавад. Лозим ба ёдоварист, ки моҳи октябри соли гузашта Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуд. Дар натиҷаи ин мулоқот тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки ба муҳоҷирон-шаҳрвандони тоҷик, ки дар ҳудуди ФР фаъолият доранд, иҷозатномаи кор ба муддати 3 сол дода шавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






