Муроҷиатномаи Шӯрои уламо

Январь 19, 2013 12:30

Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Саидэҳсони Солеҳ).- Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома аз мақомоти ваколатдор оид ба корҳои дин ва роҳбарони расонаҳои ахбори омма хоҳиш кардааст, ки ҳар касе мехоҳад аз тариқи расонаҳои ахбор таваассути баёни ин ё он масоили мазҳабӣ ҳукму фатвое содир намояд, бояд аз ин кор худдорӣ кунад, зеро ҳалли масъалаҳои шаръӣ масъулияти Шӯрои уламои Маркази исломӣ мебошад. Ҳар фарди мусалмон ва ҳар сокини Тоҷикистон метавонанд озодона ба ин Марказ муроҷиат карда, эҳтиёҷоти маънавӣ ва масоили ҳалталаби мазҳабияшонро бароварда созанд. Гуфта шуд модоме,ки Маркази исломӣ ва ҳам Шӯрои уламои он дар саросари кишвар фаолона амал мекунанд, Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба парвариши мутахассисони соҳаи дин ихтисос дорад, ҳеҷ ниёзе намемонад, ки ашхоси алоҳида ба нафъи гурӯҳу тоифае дар масоили дину мазҳаб қарору фатво содир бикунанд. Боиси тазаккур аст, ки тибқи банди 3.12 Оинномаи Маркази исломӣ танҳо Шӯрои уламо ҳуқуқи додани фатвоҳои шаръиро дорад, ки риояи онҳо барои тамоми мусалмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми мебошад. Дар муроҷиатнома гуфта шудааст ба ҳамагон маълум аст, ки 21 сол боз Тоҷикистон дар шароити сулҳу субот, ва пешрафтҳои назаррас дар ҳама соҳаҳои зиндагии ҷомеаи рушд мекунад. Дар чунин вазъ фазои озодонаи изҳори андеша ва афкори шахсӣ фароҳам шудааст ва озодии ақида, ки яке аз пояҳои бунёдии ҷомеаи демократӣ мебошад. Ҳар кас метавонад андеша ва мавқеи фикрии худро иброз дорад ва иттилооти мехостаашро дарёфт кунад. Аммо сухан сари он меравад, ки ҳар гуна озодӣ меъёру ҳадду ҳудуди муайян дорад ва набояд дар он зиёдарави кард, ё аз озодии афкор сӯйистифода намуд. Дар ҳама кишварҳои мутараққии олам, ки онҳоро кишварҳои демократияи собиқадор низ мегӯянд, озодии инсон ва шаҳрванд дар чорчӯбаи қонун маҳдуд мешавад, яъне озодӣ ба андозаест, ки аз чорчубаи қонун ва маънавиёт набарояд.  Тасаввур кардан мушкил аст, ки агар ҳар гурӯҳе мувофиқ ба табъу завқ ва манофеи гурӯҳи хеш ин ё он масоили мазҳабиро шарҳ дода, ҳукм содир кунад, он гоҳ бо ҷомеаи муслимин дар маҷмӯъ чи ҳаводисе рух хоҳад дод? Мо як маротиба дар таърихи начандон дури хеш таҷрибаи чунин «гуногунандешӣ»-ро дар пояи мазҳаб дида будем ва ин ҳодиса кофист, ки дигар ба ягом саҳву хато ва гуногунравиягӣ дар заминаи мазҳаби поки ҳанафӣ набояд роҳ бидиҳем. Қисмати аъзами аҳолии Тоҷикистон, шукри Худованди таъоло, пайрави мазҳаби Имоми Аъзам ҳастанд ва қасди дахолату бархӯрд бо дигар мазоҳибро надоранд. гуфта шудааст дар муроҷиатномаи Маркази исломии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдор оид ба корҳои дин ва аз ҳама роҳбарони расонаҳои ахбор ва садову симо.

Январь 19, 2013 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

6 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло