Шартномаи ҳамкорӣ бо «Велис-Агро» ва «КАП Ҳамсеҳ»

Январь 21, 2013 10:51

Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова).- Тавре ки аз Вазорати кишварзӣ иттилоъ доданд, дар соли гузашта ба хоҷагиҳои деҳқонӣ 12,2 ҳазор трактор, аз ҷумла тракторҳои тасмачарх-2,5 ҳазор, испор-3,3, нармкунак-3,4, тухмипошак-2,6 ҳазор, комбайни ғалладарав ва хӯроки чорвоғундор 728 адад ва дигар мошинолоти кишоварзӣ дастрас гардид. Инчунин дар ҷумҳурӣ зиёда аз 15,7 ҳазор адад трактор, 1108 адад трактори шудгоркунанда, 541 адад комбайни ғалладарав, 3015 адад ядаки тракторӣ, 3097 адад испори тракторӣ ва дигар мошинолоти кишоварзӣ дар бахши хусусӣ ва Марказҳои хизматрасонии техникӣ истифода мешавад.Дар соли гузашта аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ барои Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Точикагролизинг» 3,5 млн сомонӣ ҷудо гардид, ки 32 адад трактор, аз ҷумла 20 адад трактори тамғаи МТЗ-82.1 ва 12 адад трактори МТЗ-80Х харид гардид. Дар соли гузашта Вазорати кишоварзӣ бо мақсади таъмини хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ бо техникаю мошинолот ва қисмҳои эҳтиётӣ бо ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо ширкати ЮТО-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи 2,5 млн сомонӣ, бо ширкати «Велис-Агро»-и Ҷумҳурии Украина ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ, бо ширкати «Агромастер»-и Ҷумҳурии Туркия ба маблағи 450 ҳазор сомонӣ ва бо ширкати «КАП Ҳамсеҳ»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ шартнома ба имзо расонид.

Январь 21, 2013 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад