Таварруми солона — 6,4 фоиз
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Аз хадамоти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон ба мо хабар доданд, ки сатҳи таваррум дар моҳи декабри соли гузашта 0,1 фоизро ташкил намуда, дар соли 2012 бо натиҷаи 6,4 фоиз ҷамъбаст шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 2,9 банди фоизӣ кам мебошад. Ин нишондиҳанда асосан аз ҳисоби болоравии нархҳои хизматрасонии пулакӣ 9,6 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 6,7 фоиз ва маҳсулоти хӯрокворӣ 5,6 фоиз ба миён омад. Меъёри бозтамвил, ки яке аз фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ба шумор меравад, дар интиҳои соли гузашта 6,5 фоизро ташкил дод.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






