Тоҷикистон дар зинаи 8-уми Ҷоми Иттиҳод
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов). Шоми гузашта дар маҷмааи варзишии «Петербургский»-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии охирини худ дар Ҷоми Иттиҳод аз дастаи Ӯзбекистон бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд ва бо ин тартиб миёни 12 даста дар зинаи 8-ум мустақар гардид. Ҳамчунин дирӯз бозии ниҳоии ин мусобиқа байни дастахои Русия ва Украина баргузор шуд, ки дар он дастаи мизбон бо ҳисоби 4:2 пирӯз гардида, бори дуввум ғолибияти ин мусобиқаро ба даст овард. Дастаи мунтахаби Украина ҷойи дуввум ва дастаҳои Беларусу Литва ҷойҳои сеюму чорумро касб карданд. Натиҷаи ба даст овардаи футболбозони ҷавони тоҷик дар Ҷоми Иттиҳод нисбат ба соли гузашта бештар назаррас аст, зеро дастаи мунтахаби кишвар соли гузашта дар мақоми 11-ум қарор гирифта буд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






