«Тоҷикистони муосир» дар Бишкек
Душанбе, 10 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Як ҳайати фарҳангиёни кишвар ҷиҳати ҳунарнамоӣ ва муаррифии санъати асили ромишгарию овозхонии мардуми тоҷик таҳти роҳбарии муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Миралӣ Достиев 16 январ ба Бишкек –пойтахти Қирғизистон мераванд. Абдуғаффор Абдуҷабборов –роҳбари Дастгоҳи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳайати фарҳангиёни тоҷик, ки аз овозхонҳои шинохта Афзалшо Шодиев, Таҳмина Ниёзова, Бахтиёр Иброҳимов ва Ҳуҷаста Мирзоалиева, инчунин гуруҳи ромишгарон таҳти роҳбарии Муҳаммадвалӣ Орзуев ва гуруҳи рақсии «Ҷаҳоноро » иборат аст, рўзҳои 17 ва 18 январ дар Филармонияи давлатии Қирғизистон ва Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек барои намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Қирғизистон барномаи рангини консертӣ намоиш медиҳанд. Абдуғаффор Абдуҷабборов зикр кард, ки барномаи консертии овозхонхонҳо ва ромишгарони тоҷик дар Бишкек ба ифтихори 20-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён гирифта, он дар таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвари ҳамҷавор нақши муассир хоҳад гузошт. Ҳамзамон дар доираи сафари овозхонҳо ва ромишгарони тоҷик ба Қирғизистон дар Бишкек намоиши расмҳои суратгири шинохтаи тоҷик Заур Дахте таҳти унвони «Тоҷикистони муосир» баргузор мегардад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






