ТВ «Наврӯз» ифтитоҳ мешавад, аммо бе иштироки Афғонистон
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- «Таҷҳизот барои таъсиси ТВ «Наврӯз» аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид гардидааст ва дар ин самт пешравиҳо ҷой доранд. Аммо ин телевизион сеҷониба намешавад, зеро дар якчанд музокироти охир ҷониби Афғонистон иштирок накард»,- иброз дошт Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ. Раиси Кумита илова намуд, ки ба ин нигоҳ накарда, мушкилоти дар самти роҳандозии шабакаи «Наврӯз» ҷойдошта зина ба зина бартараф шуда истодаанд. Ин дар ҳолест, ки бояд тибқи нақша телевизиони «Наврӯз» дар якҷоягӣ аз ҷониби Тоҷикистон, Афғонистон ва ҶИ Эрон таъсис мешуд. Ҳамчунин Асадулло Раҳмонов дар мавриди лоиҳаи таъсиси ТВ «Варзиш» гуфт, ки «теъдоди зиёди толорҳои варзишие, ки дар ҳудуди кишвар бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бунёд гардидаанд, моро водор месозад, ки дар ин бахш фикр кунем ва албатта, дар ин самт корҳои омодагӣ низ ҳастанд». Маврид ба зикр аст, ки 20 – уми декабри соли 2010 дар мулоқоти Сарвари давлат бо варзишгарони кишвар ба Кумитаи телевизион ва радио дастур дода шуд, то дар масоили инъикоси баргузории чорабиниҳои варзишӣ дар кишвар ва тарғиби тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи бештар дошта бошад. Аммо дар мавриди он, ки ТВ «Варзиш» кай ба кори худ шурӯъ хоҳад кард, Асадулло Раҳмонов гуфт: «Имсол як – ду нақшаи дигар дорем, бо амалӣ шудани онҳо шояд дар нимаи дуюми соли ҷорӣ аз пайи татбиқи ин лоиҳа шавем». Мушкили дар ин самт мавҷударо раиси Кумита дар он мебинад, ки барои таъсиси телевизиони «Варзиш» бояд ҳадди ақал 60-70 фисади барномаҳо моли худӣ бошанд. «Аз ин рӯ танҳо ба бозпахш намудани барномаҳои телевизионҳои хориҷӣ кор пеш намеравад»,- гуфт Асадулло Раҳмонов. Зимнан бояд таъкид кард, ки танҳо дар соли 2012 дар кишвар 5 ширкати радио — телевизионӣ ба кор оғоз намуд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






