Изҳороти Шариф Саид

Февраль 15, 2013 11:47

Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода ). – Раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид дар маросими муаррифии ширкатҳои тиҷоратӣ зикр намуд, ки «ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо истеҳсолкунандаи миллиро дучори вазъияти мураккаб месозад».Ба фикри раиси палатаи савдо, барои мутобиқати маҳсулоти ватанӣ ба меъёрҳои байналмилалии сифат ва ба манзури дастгирии бозори амволи кишвар ва рушди низоми тиҷорат бояд меъёру дастурҳои низоми аврупоӣ омӯхта ва дар амал татбиқ карда шаванд. Шариф Саид ҳамчунин зикр намуд, ки барои расидан ба ин мақсад бояд дар назди палата Маркази сифат таъсис дода шавад, ки вазифаи асосии он иборат аз баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолкунандагони амвол, роҳандозии сиёсати ягонаи иттилоотӣ аз рӯи натоиҷи татбиқи низоми сифати маҳсулот мебошад.

Февраль 15, 2013 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд