Иштироки Сарвари давлат дар форуми соҳибкорони Тоҷикистону Австрия

Март 14, 2013 08:08

Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рӯз дар Бӯстонсарои Ҳукумати кишвар бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Австрия Ҳайнтс Фишер форуми соҳибкорони ду кишвар баргузор гардид, ки дар он шумораи зиёди намояндагони ин соҳа аз ҳарду кишвар ширкат намуданд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ имконоти фарохи рушди ҳамкории иқтисодию сармоягузориро бо Тоҷикистон ба соҳибкорони Австрия бевосита муаррифӣ намуда, аз ҷумла иттилоъ дод, ки ҳоло беш аз 400 лоиҳаи сармоягузорӣ таҳия шуда, ба шарикони рушд ва дигар хоҳишмандон пешниҳод гардидааст. Тавре зикр гардид, аксари ин лоиҳаҳо ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, зербинои нақлиётию ҷаҳонгардӣ ва дигар бахшҳои бунёдии иқтисоди миллӣ нигаронида шудааст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони Австрияро ба густариши робитаҳо даъват намуда, таъкид дошт, ки «ҳангоми таҳияи нақшаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон бояд талаботи рӯзафзуни бозорҳои Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои минтақаи мо ба инобат гирифта шавад».Президенти Ҷумҳурии Австрия Ҳайнтс Фишер низ Тоҷикистонро кишвари дорои имконоти беандозаи рушди иқтисод ва тиҷорат номида, соҳибкорони кишвари худро ба тавсиаи ҳамкорӣ бо он ташвиқ намуд.Доир ба роҳҳои густариши ҳамкорӣ дигар иштирокдорони форум низ изҳори андеша карданд.Дар фароварди ҳамоиши соҳибкорони ду кишвар боз 2 санади ҳамкорӣ ба имзо расид:- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни КВД Тоҷикаэронавигатсия ва ширкати австриягии FrequentisAG;- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати австриягии ASKINDCo дар бораи ба роҳ мондани ҳамкории илмӣ дар соҳаи тандурустӣ.Тавре аён мегардад, сол ба сол ва рӯз ба рӯз таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷӣ ба иқтисодиёти дорои имконоти фарохи рушд дар Тоҷикистон афзоиш меёбад. Ба ҷоннок гардидани ин раванд, албатта беҳшавии тадриҷии фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ва хусусан қабул шудани Тоҷикистон ба узвияти комилҳуқуқ дар Созмони ҷаҳонии савдо нақши намоён мегузорад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Март 14, 2013 08:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад