Кормандони ВКД савганд ёд карданд
Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар»).- Дар маросими савгандёдкунии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки рӯзи 12 марти соли равон дар Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, роҳбарият ва ҳайати шахсии маркази мазкур, Шӯрои собиқадорон, Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД ва намояндагони «Эмерҷенс Групп»-и Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.Тавре ки сардори маркази таълимии ВКД полковники милитсия Муҳаббат Абдуллоев изҳор намуд, дар ҷамъомади тантанавӣ 22 нафар кормандон аз ҳисоби ҳайати миёнаи роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ баъди гузаштани курси якмоҳаи тайёрии ибтидоӣ савганд ёд карданд.Чунин чорабинӣ бори аввал аст, ки дар марказ гузаронида мешавад ва хатмкунандагони курси омӯзишӣ ба ҷойҳои корашон барои идомаи фаъолияти хизматӣ фиристода мешаванд. Зимни суханронӣ дар маросим муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД полковники милитсия Шуҳрат Носиров изҳор намуд, ки он нозукиҳои кор дар мақомот, ки тайи як моҳ дар марказ ба кормандон омӯзонида шуд, аз бисёр ҷиҳат барои онҳо муфид буда, хизматчиёни ҷавон метавонанд дар фаъолияти минбаъдаи корӣ аз усулҳои омӯхтаашон самаранок истифода баранд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






