Мустаҳкам гардонидани системаи иттилоотии тандурустӣ
Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо мақсади ворид намудани технологияи муосири иттилоотию комуникатсионӣ, таъмини дастрасии саривақтии иттилоот ва эътимоднокии маълумот оид ба солимии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи кӯмаки техникии Иттиҳоди Аврупо оид ба мустаҳкам гардонидани системаи иттилоотии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Бояд гуфт, ки дар марҳалаи аввали татбиқи лоиҳа вазъи системаи иттилоотии тандурустӣ пурра мавриди омӯзиш ва баҳодиҳӣ қарор дода шуда, тавсияҳои мушаххас оид ба такмили системаи амалкунанда қабул шуданд. Дар марҳалаи кунунӣ лоиҳа, ки бештар аз 3 сол идома меёбад, бо таҷҳизоти компютерӣ, алоқа бо истифода аз шабакаи нахӣ-нурӣ ва барномаи компютерии тандурустӣ дар маҳал DHIS2 (District Health Information Software) таъмин намудани сохторҳои омории тандурустӣ ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо, ҳолатҳои демографӣ, фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла аз тариқи мустақим (on-line) дастрас намудани иттилоот оид ба беморшавии аввалияи аҳолӣ дар назар дошта шудааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






