Намоишгоҳи байналмилалии туристии ITB Берлин-2013
Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-6 марти соли равон дар пойтахти Олмон- шаҳри Берлин чилуҳафтумин намоишгоҳи байналмилалии туристӣ — ITB Берлин-2013 ба кори худ оғоз кард. Кишвари моро дар ин форуми бузурги байналмилалӣ намояндагони ширкатҳои туристии мамлакат таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов намояндагӣ карданд.Дар расми ифтитоҳи намоишгоҳ, ки бо ҳузури конслери Олмон Ангела Меркел доир гардид, зикр шуд, ки дар намоишгоҳ намояндагони 188 мамлакати дунё ширкат доранд. Соли равон кишвари ҳамшарики ITB-2013- Индонезия масъули ифтитоҳи намоишгоҳ махсуб меёфт, ки имконоти туристии минтақаҳои қитъаи Осиёро муаррифӣ менамояд. Ҳамчунин дар доираи баргузории намоишгоҳ машварати вазирони туризми Роҳи абрешим баргузор шуд, ки дар кори он раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳи Маликшо Неъматов дар бораи бо ҳам омезиш ёфтани фарҳанги анъанаҳо, муколамаву тиҷорат дар сатҳи байналмилалӣ ва имконоти саноати туризми кишвар андешаҳои ҷолиб баён дошт. Дар доираи намоишгоҳ бузургтарин конгресси туристии ҷаҳон баргузор мешавад. Ин чорабинӣ аз соли 2004 ҳамасола дар якҷоягӣ бо ITB доир мегардад. Дар конгресс муҳимтарин масоили соҳаи туризм муҳокима шуда, дар он таҷрибаи беҳтарин ширкатҳо муаррифӣ хоҳад гашт.Ёдовар мешавем, ки намояндагони ҷумҳурии мо дар ин ҳамоиши калонтарини туристӣ бори шашум аст, ки ширкат меварзанд.Намоишгохи мазкур то 10 марти соли равон идома ёфт.Дар ин бора хабарнигори рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Самариддин Асозода аз шаҳри Берлин иттилоъ дод.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






