Ошкорнамоии ду ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар

Март 12, 2013 15:51

Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар»).- Кормандони гумруки Фурудгоҳи байналмиллалии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе боз ду ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаоварро ошкор ва пешгирӣ намуданд.   Аз шуъбаи иттилооти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки кормандони мақомоти гумруки кишвар аз аввали соли ҷорӣ ҳашт ҳодисаи кўшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор ва пешгирӣ намуданд. Ин дафъа кормандони гумруки «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайрҳои № 4863, №627 самтҳои Душанбе-Новосибирск ва Душанбе-Москва ду нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбар дониста, аз парвоз боздошт намуданд. Ҳангоми азназаргузаронии гумрукии бағоҷи дастии шаҳрванд Ш. аз пинҳонгоҳ, ки дар дохили қуттии махсус тайёр карда шуда буд, дувоздаҳ бастаи селофании маводи хокистарранги бӯи махсуси ғализдоштаро пайдо намуданд. Инчунин аз дохили либоси тагпўши шаҳрванд Б. се бастаи селофании дорои хокаи монанд ба героин дарёфт ва мусодира гардид. Мутобиқи хулосаи коршиносон маводи нашъаовари аз шахсони қочоқбар мусодирагардида қариб 2 кг героинро ташкил дод. Аз рўи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз карда шуда, ба Прокуратураи нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

Март 12, 2013 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш