Супоридани нусхаҳои нигораҳои Хазинаи Амударё ба Сафорати Тоҷикистон дар Лондон
Душанбе, 11 март (АМИТ «Ховар»).- 8 марти соли 2013 дар Лондон роҳбарияти Осорхонаи Британия нусхаҳои 6 нигораи Хазинаи Амударёро (лавҳаи чоркунҷаи тиллоӣ (Rectangular gold plaque), хотамкории ҳайкалчаи нуқрагин (Chased silver statuette), диски тиллоӣ барои либос (Gold disc clothing appliqué), унсури тиллоии гирдшакл барои либос (Circular gold costume-fitting), табақи тиллоии гирдшакл (Circular gold plaque ornament), ки ҳамчун туҳфа ба Осорхонаи Миллии Тоҷикистон омода гардидаанд, дар ҳузури кормандони ин осорхона ба Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Эркин Қосимов супориданд. Зимни мулоқот изҳори умедворӣ карда шуд, ки ин нигораҳои мансуб ба таърихи қадимаи тоҷикон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷойи арзандаи худро пайдо мекунанд. Дар вохӯрӣ инчунин масъалаҳои барпо намудани робитаҳои корӣ байни Осорхонаи Британия ва осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ гардиданд. Аз ҷумла, сафир хоҳиш намуд, ки барои омӯзиш ва боло бардоштани донишу малакаи кормандони Осорхонаи Миллии кишварамон осорхонаи мазкур кӯмак намояд. Бояд зикр кард, ки Сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир бо супориши роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ тайи чанд соли охир барои аз осорхонаи мазкур дастрас намудани нусхаи нигораҳои Хазинаи Амударё бо роҳбарият ва кормандони он дар тамоси доимӣ буд. Хазинаи Амударё яке аз коллексияҳои арзишманд ва муҳими Осорхонаи Британия ба шумор рафта, дорои 180 нигораи нуқрагину тиллоии марбут ба давраи Ҳахоманишиҳо ва баъдӣ (асрҳои 6-2 пеш аз милод) мебошад.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






